Домуллое, ки майитро бенамоз гуфта таҳқир кард, санҷида мешавад
Домулло Абдуқаҳҳори ҳисориро барои таҳқири пайвандони майит дар намози ҷаноза бозхост мекунанд. Дар ин бора Афшин Муқим сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пахши хабар дод.
Манбаъ мегӯяд, ки бо вуҷуди он ки Абдуқаҳҳор Мирзоев дар ягон масҷид имом нест ва салоҳияти хондани намози ҷанозаро надорад, 17-уми октябр дар маросими ҷанозаи як сокини деҳаи Турдибобои шаҳри Ҳисор имоматӣ кардааст.
Қабл аз ин рӯзноманигор Абдуқодир Талбаков, рӯзи 17-уми октябр навиштаи нафареро нашр кард, ки дар маросими дафни як духтари 25-солаи сокини Ҳисор ширкат доштааст. Домулло Абдуқаҳҳор падари духтарро дар намози ҷаноза сарзаниш карда, ин оиларо бенамоз хондааст.
“Ман медонам,ки ин оила бенамоз ҳастанд ва ин хоҳар низ шояд намоз мехонд ва шояд намехонд…
Бенамоз кӣ аст? Бенамоз ҳоҷатхона аст. Бенамоз саги мурдагӣ аст.”
Домулло Абдуқаҳҳор дар ҳоле имоми намози ҷаноза шудааст, ки тибқи қарори Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон имоми дар масҷиди панҷвақтаи ин деҳа Аминов Неъматулло будааст.
Ба таъкиди масъулини Кумитаи дин, «эҳтимолияти паст задани шаъну шарафи соҳибони майит аз сӯйи Абдуқаҳҳор Мирзоев» санҷида мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ