Дон Жуан тавофи хонаи Худо карда, Ҳоҷӣ Дӯстмурод шуд
Ба наздикӣ ҳунарманди ҷавону шинохтаи тоҷик Дӯстмурод Шарипов (Дон Жуан) тавофи хонаи Каъба намуда, номи баланди “Ҳоҷӣ Дӯстмурод”-ро сазовор гардид.
— Ҳар як одами мусалмон дар кунҷи дилаш орзу дорад, ки тавофи Хонаи Худо кунад, вале росташро гӯям, ман ҳанӯз нақшаи ҳаҷ кардан надоштам. Аниқтараш боварӣ надоштам, ки ин кор ба осонӣ бароям даст медиҳад, вале Худованд худаш муъҷиза нишон дод ва ҳамин тавр шуд, ки дар байни як моҳ масъала ҳал шуда, ба зиёрати Каъба шарафёб гаштам,- гуфтааст Дӯстмурод Шарипов.
Ба гуфти мавсуф, нигоҳаш ба зиндагӣ баъди тавофи хонаи Худо комилан дигар гашта, дунёро бо чашми сар не, балки бо чашми ақл ва бо чашми дил медидагӣ шуд.
— Ҳанӯз дар Ҳаҷ ман азм кардам, ки дигар масхарабозӣ намекунам ва дар қавли худ устувор монда, аллакай корро дар Сирк ба пуррагӣ бас кардам. Барои дағалӣ узр мепурсам, вале вақтҳои охир маймунбозӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд шуда, шумораи маймунбозҳо афзудааст. Ҳаҷв як санъати бисёр нозук, мисли як гавҳар, мисли як дурдона аст, аммо солҳои охир онро ба сатҳи кӯчагӣ фароварда, беқадр карданд. Хаёл мекунанд, ки маймунбозӣ кардану бо гапҳои дағал мардумро хандондан ҳаҷв аст. Ба хотири “просмотр” чизе, ки аз даҳонашон барояд, хоҳ ҳақорат аст, хоҳ дашном ё дигар рафтори ноҷои аз доираи одобу ахлоқ берун, мегуфтанд ва мекарданд. Ростӣ, баъзан дар қатори ҳамон маймунбозҳо номи маро ҳам мегирифтанд ва аз ин бисёр аламам меомад. Аз ҳамин хотир, қарор додам, ки дигар масхарабозӣ намекунам,- изҳор доштааст ӯ ба ҳафтаномаи “Оила”.
Дӯстмурод Шарипов шарҳ додааст, ки “дигар масхарабозӣ намекунам”-ро ба маъное гуфтааст, ки минбаъд бо занону духтарон дар ҳар хел саҳнаҳо нақш намебозад ва дар филму намоишномаҳои каммазмун иштирок намекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ