Дон Жуанро дар Хуҷанд лату кӯб карданд?

-Алло, салом! Мебахшед ин телефони Дӯстмурод Шарипов аст?

-Бале, ман Дӯстмурод, тинҷӣ буд?

-Ман Рустам, рӯзноманигор аз ҳафтаномаи «Оила». Тахмина ном мухлисатон аз шаҳри Хуҷанд занг зада гуфт, ки Дон-Жуанро дар Суғд лату кӯб карда аз ҷарӣ партофтаанд. Сахт ба ташвиш афтида занг задем, то фаҳмем, ки чӣ гап шудааст…

-Ман не, бародарам аз ҷарии 200 метра ба поён афтид. Айни ҳол дар беморхона дар болои сари бародарам нишастаам. Аҳволаш бисёр вазнин аст. Шабу рӯз Худоҷонро зорию тавалло карда истодаам, ки бародарам тезтар ба худ биёяду дарду ғами волидонам камтар шавад.

-Кӣ ба бародаратон инро раво дид?

-Тақдиру насиб. Ҳамроҳи ҷӯраҳояш ба пистачинӣ  рафта аз шохи дарахт ба ҷарӣ афтидааст.

-Худованд ба бародаратон шифои комил диҳад! Дӯстмурод, мо ба шумо саволҳои зиёде доштем, вале ҳоло ки дар ҳолати ногувор қарор доред, табъатонро бештар вайрон кардан намехоҳем…

 -Аз афташ боз ягон овозаи нохуши дигар ба гӯшатон расидааст. Бемалол пурсидан гиред, ман ба гапу калочаи мардум кайҳо одат кардаам, хафа намешавам…

-Мегӯянд, ки чанде пеш барои як шӯхии ноҷо, аниқтараш барои бо лаҳҷаи мардуми Хуҷанд гап заданатон бачаҳои хуҷандӣ шуморо мурданивор задаанд…

-Ман то имрӯз ин сирро ба ягон кас нагуфта будам, вале ба хотири дӯстии чандинсолаам бо ҳафтаномаи  “Оила” онро ба шумо мегӯям. Дар Хуҷанд бо як ҷавон камтар гапамон гурехту як ба як ба майдон баромадем, то кӣ зӯру кӣ тарсу буданашро нишон диҳем. Ҳамааш ҳамин, дигар чизе нашудааст…

-Кӣ зӯр баромад, Дӯстмурод ё ҳарифаш?

-Албатта ман! Алоби чашмашро гирифтам, дигар умре, ки дорад, дағдаға намекунад.

-Наход шумо бо ҳамин ними ҷонатон як ҷавони чорпаҳлӯро мағлуб карда бошед?! Ман фикр мекардам, ки аз дасти санъаткорон ба ҷуз хандаю бозӣ дигар ҳеҷ кор намеояд…

-Мард новобаста аз касбу кораш бояд дар ҳама ҳолатҳо аз худ дифоъ карда тавонад. Албатта ман ҷонибдори ҷангу ҷанҷол нестам, вале намегузорам, ки ягон кас маро таҳқир карда, шаъну шарафамро ҳамчун инсон паст занад.

-Мегӯянд, ки филми наваш Дон Жуанро банкрот кардааст…

-Ман ба хотири ин филм мошинамро фурӯхта, пулашро пурра сарфи наворбардорӣ намудам. Пойи пиёда монда бошам ҳам, пушаймон нестам, чунки сад дар сад бовар дорам, филми “Меҳмони нохонда” на танҳо хароҷотҳои кардаамро мебарорад, балки ман ва дигар таҳиягаронашро миллионер мекунад. (механдад)

Ин филм кай ба фурӯш мебарояд?

-Рӯзҳои наздик. Моҳи сентябр мо боз як филми дигарро ба мухлисон пешкаш мекунем, ки “Гурезаҳо” ном дорад.

-Чаро зани сарватманде, ки бо пулу мошини қиматбаҳо Дӯстмуродро аз худ кардан мехост, қасди худкушӣ кард? Ишқашро рад кардед?

-Ба мо, санъаткорон ин хел пешниҳодҳо қариб, ки ҳар рӯз мешавад, вале ман ишқи ягон бойхотун ё бойдухтарро қабул намекунам. Шиорам дар зиндагӣ “Мард шудӣ, марди ҳақиқӣ шав” аст. Мард бояд бо пули худаш карера созад, на бо пули зан.

-Шунидем, ки аз ишқи Дон Жуан чанд духтар раги дасташро буридааст…?

-Ман хоб дидам, ки дар рӯзи тӯям духтарони зиёде корд дар даст ба наздам омада, мегӯянд, агар моро нагирӣ, раги дастонамонро бурида худкушӣ мекунем. Ман чӣ кор карданамро надониста илтиҷо мекардам, ки дастонатонро набуред, охир ман худам танҳо, чӣ хел бо ҳамаи шумо издивоҷ мекунам. Як вақт дасти нозуке ба китфам расиду бедор шудам. Чашмонамро кушода модарамро дар болои сарам дидам. Дар хобам дод гуфтанамро шунида модарам ташвиш шудааст, ки бо ман чӣ шуда бошад. Ҳарчанд пурсупос карданд, сир бой надодам, вале дар дил Худоро шукр гуфтам, ки ҳамааш хоб будааст…

-Дӯстмурод, шумо дар озмуни “Ягона аз даҳгона” байни 10 ҳаҷвнигори ҷавон ҷойи аввалро ишғол намудед. Ғалабаро бароятон муборакбод мегӯем!

-Ташаккур! Ҳар як ҳунарманд мехоҳад, ки ҳамеша пешсаф бошад ва албатта ман ҳам орзуи ғолиб омаданро доштам, вале азбаски дар ин озмун ҳунармандони машҳур зиёд буданд, чандон боварӣ надоштам, ки мардум аз байни чунин ситораҳо маҳз маро интихоб менамоянд. Раҳмат ба мухлисонам, ки маро дастгирӣ намуданд. Дӯстмурод, то зинда аст, ин хизмати шуморо фаромӯш намекунад, мухлисони азиз!

Суҳбаторо: Рустам Азимӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *