Доналд Трамп аз ширкати Google шикоят кард

Президенти ИМА Доналд Трамп ширкати Google -ро ба ин муттаҳам кард, ки хадамоти ҷустуҷӯи маълумоташ дар бораи ӯ ҳадафмандона фақат хабарҳои танқидиро пешниҳод мекунад. Трамп аз маводи матбуотие ёдовар шуд, ки худаш онҳоро «Fake News» унвон кардааст.

Президент гуфт, Google садои муҳофизакоронро саркуб ва хабарҳои «мусбат»-ро пинҳон мекунад. Раҳбари Кохи сафед қавл дод, ки ин мавридҳоро, ҳамчун талоши ғулҳои интернетӣ барои таҳти назорат гирифтани хабарҳо, «таҳқиқ» мекунад.

Моҳи октябри соли гузашта Трамп гуфт, ки фаъолияти расонаҳои норозӣ бо нуқтаи назари ӯ метавонад қатъ шавад. Трамп борҳо расонаҳои барҷастаи амрикоиро барои ба гуфтаи ӯ пахши хабарҳои ғалат дар бораи президент танқид кард. Аз ин рӯ, раҳбари Кохи сафед нашрияҳои пешсафи дунё, ба монанди The New York Times, Washinton Post, NBC, ABC, CBS, CNN ва дигаронро борҳо «душмани халқ» эълон кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *