Донишҷӯ шудан мехоҳед? Ҳанӯз дер нашудааст!
ММТ давраи чоруми қабул ба макотиби олиро эълон кард
Дар Тоҷикистон давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои таҳсили ғоибона дар донишкадаву донишгоҳҳои Тоҷикистон оғоз шудааст. Дар ин бора аз Маркази миллии тестии Тоҷикистон (ММТ) хабар медиҳанд.
Ба иттилои манбаъ, давраи чорум аз 9-уми ноябр оғоз шуда, то 9-уми декабр, яъне 1 моҳ идома мекунад.
“Дар имтиҳони давраи чорум фақат онҳое ширкат мекунанд, ки дар шакли ғоибона (фосилавӣ) таҳсил кардан мехоҳанд”,- хабар медиҳанд аз ММТ.
Барои бақайдгирӣ дар 8 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ — Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Данғара ва Рашт нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил шудааст.
Ба иттилои ММТ, довталабон дар интихоби ихтисосҳо озод буда, то 12 комбинатсияи ихтисоси ба худ писандро танҳо аз як гурӯҳи ихтисосҳо интихоб намуда метавонанд. Дар вақти бақайдгирӣ яке аз забонҳо (русӣ ва тоҷикӣ) ва макони имтиҳонсупорӣ ва ҷойи фиристодани даъватномаро бояд интихоб намуд.
Бояд гуфт, ки чанд соли охир нақшаи қабули донишҷӯён дар кишвар иҷро намешавад. Аз ҷумла, соли ҷорӣ тибқи иттилои ММТ, дар даври якум нақшаи қабули донишҷӯён ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар 53 дарсад иҷро шудааст. Аз ММТ сабаби иҷро нашудани нақшаи қабулро дар кам шудани хатмкунандагон арзёбӣ мекунанд, вале аксарият бар он ҳастанд, ки тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ” сабаби коҳиши теъдоди довталабон шудааст.
Тибқи муқаррароти қонуни нав, ҳамаи ҷавонписарони синни даъват, новобаста аз он, ки дар донишгоҳ таҳсил кардаанд ё не, аз кафедраи ҳарбӣ гузаштаанд ё не, ба хизмати ҳарбӣ ҷалб карда мешаванд.
Ҳамин аст, ки ҷавонон бештар роҳи Русияро пеш мегиранд, то аз хизмати ҳарбӣ фирор намоянд ва нақшаи қабул ду соли охир иҷро намешавад.
Бо ҳамин сабаб, моҳи август ММТ давраи дуюми қабули довталабон ва дар моҳи сентябр давраи сеюми қабули довталабонро ба роҳ монд.
Инак, давраи чорум ҳам оғоз шуд. Чунин шеваи қабул бесобиқа аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ