Донишҷӯи ДМТ  барандаи ҷоизаи «Беҳтарин донишҷӯи ИДМ-2023»

Донишҷӯи курси дуюми факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Зоир Насруллоев барандаи ҷоизаи «Беҳтарин донишҷӯи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил-2023» дар бахши илм ва инноватсия гардид.

Тавре ки  ба Pressa.tj аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, номбурда  бо дипломи дараҷаи I, шаҳодатнома ва медали сарисинагии «Беҳтарин донишҷӯи ИДМ» мукофотонида шуд.

Озмуни байналмилалии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шуда, донишҷӯи тоҷик дар он ғолиб омад. Озмуни байналмилалии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои муайян намудани беҳтарин донишҷӯ байни донишгоҳҳои олии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз рӯи бахшҳои илм, инноватсия ва дигар самтҳо баргузор гардид.

Зоир Насруллоев хатмкардаи Литсейи давлатии «Нурбахш»-и шаҳри Норак буда, дар давраи таҳсил дар литсей гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, стипендияи Раиси шаҳри Норак, стипендияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ғолиби чанд озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ буд.Соли 2022 ӯ ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, ҳоло дар курси 2-юм таҳсил дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *