Донишҷӯдухтари тоҷик “Жемчужина мира — 2017” шуд

Озмуни “Жемчужина мира — 2017” бо ширкати наздики 1000 нафар дар маркази фарҳангиву фароғатии “Пирамида” дар Қазон доир гашт.

Фирӯза Абдуллова, донишҷӯдухтари фариштахисоли тоҷик ғолиби ҷои дуввуми озмуни зебоиӣ ва истеъдод — “Жемчужина мира — 2017” нишаст.

Бино ба иттилои сомонаи dagpravda.ru, Фирӯза аз миёни 14 иштирокчии даври финалӣ дуввум шудааст. Мақоми аввалро Азалия Гайнетдинова, магистранти Донишгоҳи технологии Қазон ба даст овардааст. Зинаи сеюм насиби Малика Мавлонова, донишҷӯдухтари туркман шудааст. Манбаъ мегӯяд, иштирокчиёни озмун маҳорати эҷодӣ, қобилияти фикрӣ ва либосҳои миллии хешро ба намоиш гузоштаанд.

Фирӯза Абдуллова, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Қазон мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *