Донишҷӯи ДДТТ ҷойи якумро ишғол кард
Субҳи имрӯз дар даромадгоҳи маҳаллаи Чорбоғи шаҳри Душанбе бо иштироки зиёда аз 51 ҳазору 300 нафар ҷавонону наврасон ва сину соли гуногуни аҳолии шаҳри Душанбе ва масъулини соҳаҳои мухталифи мақомоти ҳокимияти давлатӣ маросими ифтитоҳи дави миллӣ баргузор гардид.
Ин чорабинии ҷамъиятӣ-варзишӣ бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ аз соли 2007 инҷониб якшанбеи сеюми моҳи май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Масофаи Дави миллӣ зиёда аз 10 км-ро дарбар гирифта, аз даромадгоҳи маҳаллаи Чорбоғ оғоз гардид ва иштирокчиён тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Наврӯзгоҳ миёни ҳам сабқат намуданд.
Дар анҷом мақоми аввалро донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Меҳрубон Шамсиддинов, мақоми дуюм ва сеюмро донишҷӯи Донишкадаи давлатии тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов, Меҳроб Одинаев ва хатмкардаи Донишкадаи давлатии тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов, Ғайрат Олимов сазовор гардида, бо диплом ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Ин иқдом дар асоси Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рўзи Дави миллӣ» ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар саросари кишвар баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фарзандони худ 20 майи соли 2006 дар Дави миллӣ иштирок намуданд ва пас аз он аз соли 2007 Дави миллӣ ҳамасола дар сатҳи ҷумҳуриявӣ таҷлил карда мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ