Донишҷӯйи Донишгоҳи иқтисодӣ худкушӣ кард

Дар айвони яке аз нонвойхонаҳои шаҳри Тошканди Ӯзбекистон ҷасади донишҷӯи соли чаҳоруми Донишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва дипломатия пайдо шуд. Ҳамдарсони вай мегӯянд, эҳтимол дорад донишҷӯ худкушӣ карда бошад.

Донишҷӯи 23-сола зодаи вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон буд. Яке аз ҳамдарсони вай гуфт, донишҷӯ тақрибан соати 6 бегоҳи 14 январ хобгоҳро тарк карда буд.

Субҳи 15 январ ҷасади вай пайдо шуд.

«Ҳангоми аз хобгоҳ берун рафтан вай гуфт, ки шабона дар назди хешонаш мемонад. Аммо субҳи рӯзи баъд ҷасадашро дар дор овехта пайдо карданд», — гуфт ҳамдарси донишҷӯи ҳалокшуда.

Як ҳамдарси дигари вай мегӯяд, вақтҳои охир он донишҷӯ маъюсу ноумед буд. «Мо ҳоло имтиҳон месупорем. Он ҷавон бештари вақт дар дарсҳо набуд, зеро кор мекард. Ӯро таҳдид карда буданд, ки хориҷ мешавад. Худатон фикр кунед: арзиши як соли таҳсил наздики 2590 доллар аст. Агар хориҷ мешуд, соли дигар ин қадар маблағро аз куҷо пайдо мекард?», — гуфт ҳамдарси дигари донишҷӯи ҳалокшуда.

Аммо маъмурияти донишгоҳ изҳороти ҳамдарсони донишҷӯро рад мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *