Донишҷӯёнро аз ҳақи таксисаворӣ маҳрум карданд

Донишҷӯёни туркманро дастур доданд, ки ҳангоми таътилҳо аз ҳавопаймову қатора ва автобусҳои давлатӣ истифода баранд.

Дар ин бора волидони донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Туркманистон ва Донишкадаи кишоварзии Дашоғуз хабар доданд. 25 январ дар мактабҳои олии Туркманистон давраи имтиҳону санҷишҳо ба охир мерасад ва донишҷӯён ба таътилҳои зимистонӣ мебароянд.

«Роҳбарони донишгоҳҳо ба донишҷӯён гуфтанд, ки 25 январ метавонанд дар давраи таътил ба хонаҳояшон баргарданд. Аммо ба донишҷӯён дастур додаанд, ки аз ҳавопаймоҳо, қатораҳо ва автобусҳои давлатӣ истифода баранд. Ба онҳо дастур шудааст, ки баъди баргашт нусхаи чиптаҳоро ба садорати факултаҳо супоранд. Роҳбарият гуфтааст, аз кирокашҳои хусусӣ истифода накунанд», — гуфт падари як донишҷӯ.

Роҳбарони донишгоҳҳо гуфтаанд, ба хотири амнияти донишҷӯён чунин дастур додаанд.

Аммо волидони донишҷӯён аз ин дастури роҳбарияти донишгоҳҳо розӣ нестанд. Ба гуфтаи волидон, чунин дастур монеи сари вақт ба хона расидани донишҷӯён мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *