Донишҷӯён, ба ҷойи бозиҳои телефонӣ забон омӯзед

Дар замони имрӯза, ки онро замони ҷаҳонишавӣ низ меноманд, омӯхтани забонҳои хориҷӣ  аз масъалаҳои муҳимтарин ба шумор меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон ба насли ояндасози кишвар рӯ оварда, таъқид менамоянд, ки ҳар як ҷавон ҷиҳати ба мақсад расидани ҳадафҳои ниҳоии худ ва ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас дар зиндагӣ,  бояд бо ду забони хориҷӣ озодона муошират карда тавонад. Махсусан, забонҳои русӣ ва англисӣ, ки бидуни онҳо мо наметавонем дар кору зинадагӣ ба муваффақият ноил шавем. Зеро имрӯз тамоми техника ва техлогия  бо ин забонҳои хориҷӣ рӯйи кор меоянд ва моро зарур меояд, ки пайваста ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ машғул шавем.

Тавре мебинем, ҳоло роҳу усулҳои нави омӯзиши забон мавҷуданд. Устодони кафедраи забонҳои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки баҳри беҳтар омӯзонидани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ роҳу равишҳои махсуси таълимро истифода намоянд.  Дар донишгоҳ синфхонаҳои лингафонӣ  бо доскаҳои электоронӣ ва компютерҳои муосир ҷиҳозонида шудаанд ва донишҷӯён ҳангоми дарс аз онҳо самаранок истифо мебаранд. Ин имкон медихад, ки омӯзгорон ҳам дарсҳои худро осону шавқовар гузаронанд. Тавассути доскаҳои  электоронӣ ба донишҷӯён филмҳои ҳуҷҷатӣ  вобаста ба тахассусашон намоиш дода мешавад.

Ҳамчунин, устодони донишгоҳ  ба донишҷӯён дар ҳар дарс аҳамияти омӯзиши забонҳои хориҷиро мефаҳмонанд. Аммо бархе моҳияти онро дарк ва  ба назар намегиранд. Ин нафарон оянда ҳангоми фаъолият дар ин ё он сохтор ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мегарданд. Бубинед, ҳоло дар дасти аксарияти донишҷӯён телефонҳои мобилии қиматбаҳост ва ин телефонҳо бо барномаҳои махсус муҷаҳазанд. Мутаассифона, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҷавонон ин телефонҳоро ғайримақсаднок истифода мекунананд. Яъне, ба бозиҳои гуногун машғул шуда,  ғайр аз ин вориди шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили Одноклассники, Фейсбук, Вайбер ва монанди ин мегарданд.   Агар аз як тараф, ин ба костагии ахлоқи онҳо оварда расонад, аз ҷониби дигар, хароҷоти зиёдатӣ ва сарфи вақтро мегирад. Имрӯз вақти он расидааст, ки  ҷавонон ба ҷойи ин бозиҳо дар телефонҳои худ барномаҳои махсуси омӯзиши забонро ворид созанд ва онро мақсаднок истифода намоянд.

Заррина Сафарова,  Муҳаббат Қаюмҷонова, омӯзгорони кафедраи забонҳои  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *