Донишгоҳи сатҳи байналмилалӣ дар омода намудани кадрҳои соҳаи тандурустӣ

 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бузургтарин муассисаи олии таълимӣ дар соҳаи маорифу тандурустии кишвар маҳсуб меёбад. Бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол баззаи модӣ-техникӣ беҳтар, биноҳои хуштарҳи донишгоҳ бунёд ва шароит барои фаъолияти омӯзгорону таълими донишҷӯён фароҳам карда шудааст. 

Аз таърих то мақоми байналмилалӣ

ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар тӯли фаъолияти 85-солаи худ зиёда аз 60 000 мутахассисони соҳаи тибро тайёр кардааст. Ҳоло хатмкардагони донишгоҳ дар баробари Тоҷикистон, дар зиёда аз 50 давлати дунё, аз ҷумла Русия, ИМА, Канада, Олмон, Швейтсария, Италия, Англия, Белгия, Исроил, Австрия, Туркия, Яман, Африка, кишварҳои ИДМ фаъолият доранд.

Ҳоло дар сохтори донишгоҳ 5 муовинат, хадамоти ректор, 3 раёсат, 12 шуъба, 8 бахш, 12 марказ, 5 факултет — тиббӣ, педиатрӣ, тиббӣ-профилактикӣ, стоматологӣ, фармасевтӣ, Пажӯҳишгоҳи тиби бунёдӣ, 60 кафедра, аз ҷумла, 35 кафедраи клиникӣ, 17 кафедраи назариявӣ ва 8 кафедраи умумитаълимӣ, 20 шӯро ва 27 озмоишгоҳи таълимию илмӣ фаъолият мекунанд. 35 кафедраи клиникии донишгоҳ дар пойгоҳҳои 29 муассисаи табобатию профилактикии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир мебошанд.

Бо назардошти талаботи соҳаи тандурустии кишвар дар донишгоҳ 2 ихтисоси нав — “Биохимияи клиникӣ” ва “Психологияи тиббӣ” илова карда шуд, ки қабул ба ин ихтисосҳо аз соли нави таҳсили 2025-2026 ба роҳ монда мешавад. Феълан дар донишгоҳ аз рӯйи 40 ихтисос омода намудани мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар зинаи таҳсилоти баъдидипломӣ, аз ҷумла, таҳсил дар зинаи интернатура, ординатураи клиникӣ, ихтисосгирии аввалия, магистратура, аспирантура, докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) ва докторантура ба роҳ монда шудааст. Аз соли нави таҳсили 2024-2025 аз ҳамаи ихтисосҳо дар постдокторантура тайёр кардани доктор ҳабилитат ба роҳ монда мешавад. Дар донишгоҳ таҳсил бо се забон — давлатӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Муҳассилин

Дар Донишгоҳ теъдоди донишҷўён 12734 нафар буда, бо муњассилини баъдидипломии илмӣ ва муолиҷавӣ (1543 нафар) дар якҷоягӣ 14277 нафарро ташкил медиҳад. Аз 12734 нафар донишҷӯён, дар факултети тиббӣ 9363 нафар (73,5%), педиатрӣ 832 нафар (6,5%), стоматологӣ 1697 нафар (13,3%), фармасевтӣ 367 нафар (2,9%) ва тиббӣ-профилактикӣ 475 нафар (3,7%) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Дар Донишгоҳ 1776 муҳассилини хориҷӣ аз 27 давлати дунё, аз ҷумла, дар сатҳи тодипломӣ 1752 нафар донишҷўён ва дар сатҳи баъдидипломии илмӣ 10 нафар, дар сатҳи баъдидипломии муолиҷавӣ 14 нафар муҳассилин аз давлатҳои Ҳиндустон, Покистон, Қазоќистон, Қирғизистон, Туркманистон, Эфиопия, Финландия, Руанда, Зимбабве, Афғонистон ва Федератсияи Россия таҳсил мекунанд.

Ҳайати устодон

Ҳоло шумораи умумии кормандони донишгоҳ 1999 нафарро ташкил дода, аз онҳо 1065 (53,3%) нафар занон мебошанд. Дар донишгоҳ ҳайати профессорону омӯзгорон (ҲПО) 1224 нафар буда, аз онҳо 628 (51,3%) нафарро занон ташкил медиҳанд. Аз 886 нафар омӯзгорони асосӣ (занон 457 нафар — 51,6%) 422 нафар дорои дараҷаи илмӣ, аз ҷумла, 2 нафар академик, 5 нафар узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва илмҳои тиб, 97 нафар доктори илм, профессор, 318 нафар номзади илм, дотсент ва 464 нафар муаллими калон ва ассистент буда, дараҷанокии илмӣ дар донишгоҳ 46,8%-ро ташкил медиҳад.

Назорати ҷиддӣ дар раванди таълим

Дар донишгоҳ ҷараёни таълим, баҳодиҳӣ ва натиҷагирии сифати таълим тибқи талаботи стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ бо истифодаи васеи технологияи муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ба роҳ монда шудааст.

Қобили зикр аст, ки ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар баробари иҷрои Нақшаи омодасозии мутахассисони соҳаи тиби кишвар, инчунин барои давлатҳои хориҷӣ мутахассисонро омода менамояд, ки дар соли ҷорӣ аз 2022 нафар хатмкардагон 314 нафар аз 11 кишвари хориҷӣ донишгоҳро хатм намуданд. Ин аз рақобатпазир будани таҳсилоти кишвари мо дар сатҳи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.

Дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар баробари зинаи мутахассис, инчунин, дар зинаи таҳсилоти баъдидипломӣ аз рӯи барномаи интернатура ва ординатураи клиникӣ таҳсилот ба роҳ монда шудааст, ки аз рӯи 40 ихтисос амалӣ карда мешавад.

Илму амал тавъам

Соли равон аз ҷониби олимони донишгоҳ оид ба амалисозии 13 лоиҳаи илмии аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда ва 12 мавзӯи илмии кафедраҳо корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба роҳ монда шудааст. 2 лоиҳаи илмӣ-тадқиқотӣ, аз ҷумла, «Сирояти сил: татбиқи усулҳои нави ташхис ва табобат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар доираи барномаи миллии «Ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва «Механизми тағйирёбии танзими афзоиши инсон дар шароити зист дар минтақаҳои номусоиди иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз тарафи гранти Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблаѓгузорӣ карда мешавад, ба роҳ монда шудааст.

Соли ҷорӣ дар 7 шӯроҳои диссертатсионии донишгоҳ вобаста ба ихтисосҳо 22 рисолаи илмӣ (1 рисолаи докторӣ, 20 рисолаи номзадӣ ва 1 рисолаи доктор PhD) ҳимоя карда шудааст. Ҳамчунин, омӯзгорони донишгоҳ дар шӯроҳои диссертатсионии берун аз донишгоҳӣ 10 рисолаи илмӣ (1 рисолаи докторӣ ва 9 рисолаи номзадӣ) ҳимоя намуданд. Дар нимсолаи якуми соли 2024 донишгоҳ барои соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ 32 нафар кадрҳои илмӣ омода кардааст.

 Дар донишгоҳ 2 маҷаллаи илмӣ-амалӣ — «Авҷи Зуҳал» ва «Паёми Сино» («Вестник Авиценны») нашр мегарданд. Маҷаллаи илмӣ-амалии «Авҷи Зуҳал» бо забони давлатӣ нашр мегардад ва ба реестри КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷаллаи илмӣ-амалии «Паёми Сино» («Вестник Авиценны») бо забони русӣ нашр мегардад ва ба реестри КОА Федератсияи Россия ворид мебошад. Боиси ифтихор аст, ки маҷаллаи «Паёми Сино» («Вестник Авиценны») дар минтақа аввалин маҷаллаи илмӣ-амалӣ мебошад, ки ба «Скопус» («Scopus»)  — Пойгоҳи ҷаҳонии маълумотии библиографии адабиёти илмии тақризшаванда ворид шудааст. Ҳамчунин, маҷаллаи нави сеюми донишгоҳ «Илм ва таҳсилот» бо забони давлатӣ ва русӣ аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №329 МҶ-97 аз санаи 22-юми феврали соли 2024 «Шаҳодатнома»-и иҷозатро гирифт. Нахустнашри аввали ин маҷалла бо фарогирии мақолаҳои олимони донишгоҳ ва беруна омодаи чоп мебошад.

Истеҳсоли доруворӣ

Дар назди донишгоҳ Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» фаъолият дорад. Дар соли ҷорӣ дар шуъбаҳои дахлдори марказ 3851 қуттӣ аз 20 намуди растании шифобахши ватанӣ коркард карда, барои табобати беморон ба гардиш омода карда шуд. Марказ 1000 қуттӣ равғани сиёҳдона дар ғилофак истеҳсол намуда, барои табобати беморон ба гардиш ворид намуд.

Шуъбаи истеҳсоли маводи доруворӣ 400 адад коғазпечи доруи хокаи дибазолро бо меъёри кӯдакона, 1000 адад маҳлули спиртии йод, 1000 адад маҳлули спиртии бриллианти сабз, 1000 адад маҳлули спиртии левомитсетин ва ғайра тайёр карда, барои табобати беморон ба гардиш ворид намуд.

Дар маҷмуъ, дар ин марказ 20 номгӯйи гиёҳҳои шифобахши ватанӣ коркард ва омода карда мешавад ва 57 номгӯйи маводи доруворӣ тибқи дархост коркард ва омода карда, барои табобати беморон пешкаш карда мешавад.

Ташхису табобат

Ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраҳои клиникӣ ва зерсохторҳои клиникии донишгоҳ дар баробари сарбории таълимиву тарбиявӣ ва илмию тадқиқотӣ сарбории муолиҷавию машваратӣ дошта, дар нимсолаи якуми соли 2024 дар самти фаъолияти муолиҷавӣ ва таҳсилоти баъдидипломӣ уҳдадориҳои ба зимма доштаи худро муваффақона ба анҷом расониданд. Дар ин давра аз тарафи ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ ба 25894 бемор кумаки табобатию машваратӣ расонида шудааст.

Дар Маркази ташхисию табобатии донишгоҳ дар соли ҷорӣ ба 11515 нафари ниёзманд, аз ҷумла ба 466 нафар корманди донишгоҳ, 8926 нафар донишҷў ва 2123 нафар шањрванд кумаки табобатию машваратӣ расонида шуд. Дар шуъбаи ҷарроҳии марказ 726 бемор бистарӣ карда шуда, амалиётҳои гуногуни ҷарроҳӣ гузаронида шуд.

Дар Маркази таълимию клиникии «Стоматология»-и Донишгоҳ дар баробари таълим ба донишҷӯён, инчунин, кумаки баландихтисоси стоматологӣ ба аҳолӣ расонида мешавад. Дар соли ҷорӣ аз ҷониби омӯзгорони кафедраҳои факултети стоматологӣ ба 2330 нафар ниёзманд кумаки тахассусии стоматологӣ расонида шудааст.

Ҳамкории байналмилалӣ

Айни замон донишгоҳ бо 94 муассисаи таълимию илмии хориҷӣ созишнома ва қарордодҳоро ба имзо расонидааст. Тибқи шартномаҳои мазкур мунтазам барномаҳои мубодилаи академии донишҷӯёну омӯзгорон, конференсияҳои илмӣ-амалӣ, мактабҳои тобистона ва тадқиқоти илмӣ-амалии муштарак гузаронида мешаванд.

Дар соли ҷорӣ бо мақсади таҳкими ҳамкориҳо бо муассисаҳои илмиву таълимии хориҷи кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои илмии муштарак 6 созишномаи ҳамкорӣ бо муассисаҳои бонуфузи Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Олмон, ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба имзо расонида шуданд.

Дар доираи шартномаҳои ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои хориҷии Федератсияи Россия, Ўзбекистон ва хориҷи дур Барномаҳои таълимии муштарак таҳия карда шудааст, ки дар соли таҳсили 2024-2025 таҳсили донишҷўён тибқи онҳо амалӣ карда мешавад.

ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ ва ҳамаи барномаи таълимии ихтисосҳои донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, дорои сертификатҳои байналмилалӣ мебошанд.

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино минбаъд низ ҳамчун муассисаи олии пешсафи сатҳи ҷаҳонӣ дар омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустӣ ва ворисони арзандаи Сино нақши муассир хоҳад гузошт.

Маҳмадшоҳ ГУЛЗОДА,

ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, доктори илми тиб, профессор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *