Донишгоҳи технологии Тоҷикистон сӯхт
Субҳи имрӯз дар Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон сӯхтори шадид ба амал омад. Ошхонаи донишгоҳ, ки дар корпуси дуввуми бино ҷойгир аст, соати 7:00 оташ гирифт.
Тавре Ситора Абдулмуъминзода, мудири китобхонаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар суҳбат ба АМИТ “Ховар” хабар додааст, сӯхтор дар ошхона ва китобхонаи Донишгоҳи мазкур, воқеъ дар кӯчаи Н. Қаробоев 63/3 –и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба амал омадааст.
Сабаб ва зарари сӯхтор то ҳол маълум набуда аз тарафи мақомоти дахлдор муайян карда мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ