Донишгоҳҳои Тоҷикистон ба меъёрҳо ҷавобгӯй ҳастанд?
Сифати таълим дар баъзе аз донишгоҳу донишкадаҳои олии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба талаботи Ӯзбекистон ҷавобгӯ нест. Ин нукта дар тавсияи Хадамоти давлатии назорат ва сифати таълими назди Девони вазирони Ӯзбекистон омадааст. Чаро як ниҳоди маорифи Ӯзбекистон макотиби олии Тоҷикистонро зери интиқод қарор дод? Посухи роҳбарони макотиби олии Тоҷикистон чист? Оё воқеан ҳам, сатҳи таълим дар донишгоҳҳои мо нигаронкунанд аст? “Тоҷикистон” посух пайдо кард.
Тавсия ё ҳақиқат?
Ба гуфтаи муаллифон, тавсия дар асоси як пажӯҳиши таҳлилии раванди таълим дар донишгоҳҳои ҳамсокишварҳои Ӯзбекистон таҳия шудааст. Хадамоти давлатии назорат ва сифати таълими назди Девони вазирони Ӯзбекистон гуфтааст, ки 16 донишгоҳу донишкадаҳои олии Тоҷикистону Қирғизистон ба бозори меҳнати ин кишвар ҷавобгӯ нестанд. Ба феҳристи донишгоҳҳои дорои сатҳи пасти таълим мактабҳои олии зерини Тоҷикистон шомил шудаанд: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Бохтар, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон.
Хадамоти давлатии назорат ва сифати таълими назди Девони вазирони Ӯзбекистон дар охир ба довталабони кишвари худ тавсия додааст, ки ба донишгоҳҳои кишварҳое дохил шаванд, ки дар раддабандиҳои маъруфи омӯзишӣ мақоми баландро касб кардаанд.
Нигарони макотиби олии Тоҷикистон
Нуъмонҷон Ғаффорӣ, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ:
-Таҳлили Хадамоти давлатии назорат ва сифати таълими Ӯзбекистон сарсарист. Ин хадамот ҳуқуқ надорад, ки рейтинги донишгоҳҳои моро муайян кунад. Баъдан, хадамот дар рейтингаш номи донишгоҳҳоро дуруст наовардааст. Ҳатто донишкаде, ки чанд сол қабл барҳам хӯрд ё тағйири ном кард, дар асли пештараш оварда шудааст. Эҳтимол дорад, ки хадамоти мазкур 15-20 сол пеш ин рейтингро гузаронидаву дубора нашр кардааст. Ҳамагӣ беш аз 1,5 сол мешавад, ки роҳбари Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро бар зимма дорам. Дастовардҳои донишгоҳ назаррас мебошад. Дар рейтинги макотиби олии кишвар мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Пайваста бо шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар донишгоҳи мо мехонанд, ҳамсуҳбат мешавам. Онҳо мегӯянд, ки ҳамин ҷо мехонем. Зеро дар муқоиса ба кишварашон дар Тоҷикистон нархи таҳсил арзон ва шароит муҳайёст. Албатта, камбудиҳо ҳастанд, аммо на ба ҳадде, ки Хадамоти давлатии назорат ва сифати таҳсили Ӯзбекистон ишора мекунад.
Муминҷон Шарифзода, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон:
-Соли гузашта ба донишгоҳу донишкадаҳои олии Тоҷикистон шаҳрвандони зиёди Ӯзбекистон дохил шуданд. Шояд ин боиси нигаронӣ ва як навъ рашки Хадамоти давлатии назорат ва сифати таълими Ӯзбекистон шуда бошад. Шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мехонанд, маблағи калон пардохт намекунанд. Онҳо дар муқоиса ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамагӣ аз 500 то 1000 сомонӣ месупоранд. Бештарашон аз деҳаи дурдаст мебошанд ва шароити пардохт надоранд. Раҳми кас меояд, дастгирӣ мекунем. Ҳатто, дар донишгоҳи мо ягон шаҳрванди Ӯзбекистон барои интиқол ба кишвари худ ариза нанавиштаанд. Имсол ҳам хоҳишмандон аз кишвари ҳамсоя зиёданд, ки дар донишгоҳи мо таҳсили худро идома диҳанд. Бо чандин донишгоҳҳои олии Ӯзбекистон шартномаи ҳамкорӣ бастаем. Ҷонибҳо дар конфронсҳои илмӣ ширкат варзида, табодули таҷриба мекунанд.
Маҳмадулло Раҷабзода, ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода:
-Соли дуюм аст, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таҳсил мекунанд. Ҳоло натиҷагирӣ кардан ҳам барвақт аст. Мо бо Донишкадаи забонҳои хориҷии Ӯзбекистон шартнома бастаем, ки дар доираи он ҳамкориро идома дода истодаем.
Посухи парлумони Ӯзбекистон
Баъд аз он ки 18 июни соли равон дар сомонаи расмии Хадамоти давлатии назорати сифати таълим дар назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Тавсияҳо оид ба муайян кардани сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои ҳамсоя» чоп шуд, дар расонаҳои ду кишвар вокуниши зиёд дод. Ҳатто фаъолон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин матлабро ба баҳс кашиданд. Баъд аз гузашти чанд вақт Равшанбек Алимов, раиси Кумитаи Парлумони Ӯзбекистон оид ба масоили муносибатҳои байналмилалӣ, иқтисод ва сармоягузории хориҷӣ, сайёҳӣ посух гуфт. Таҳлили Хадамоти давлатии назорат ва сифати таълими кишварашро зери шубҳа қарор дода гуфт, ки бояд баҳо воқеъбинона бошад. Назари ӯ, ки дар расонаҳои кишвараш ба чоп расид, айнан ин ҷо меоварем:
— Якум, ба ҷои меъёрҳои мушаххас ва асоснок, Хадамот бо ибораи умумии «Ба талаботи бозори меҳнати Ӯзбекистон ҷавобгӯ нест» маҳдуд карда мешавад. Савол: Пеш аз ҳама, нишондиҳандаҳои бозори меҳнат дар ин ҷо чӣ гунаанд? Онҳоро кӣ муайян кардааст? Донишгоҳҳои кишварҳои ҳамсоя кай ва аз ҷониби кӣ санҷиш карда шуданд?
Дуюм, дар тавсия омадааст, ки «… таҳсилоти босифат арзон нест» ва «арзиши таҳсил дар асоси шартномаи пулакӣ дар аксари мактабҳои олии кишварҳои ҳамсоя барои таълими босифат имкон намедиҳанд.» Савол: Чаро? Ин муқаррарот бо он чӣ иртибот дорад? Шояд, аввалан, нархи шартномаҳо дар донишгоҳҳои Ӯзбекистонро объективона арзёбӣ кардан ва онҳоро бо сифати таълиме, ки бо чунин нарх пешниҳод шудааст, муқоиса кардан лозим аст?
Ба фикри ман, дар ин ҷо сухан дар бораи рақобат ва сатҳи рақобатпазирии мактабҳои олии кишварамон дуруст ва мувофиқ аст.
Сеюм, оё Хадамоти давлатии кишвари мо салоҳият дорад, ки мактабҳои олии кишварҳои хориҷиро таҳлилу арзёбӣ кунад? Чӣ гуна ин амалҳо ва ҳадафҳои онҳо ба манфиатҳои миллии давлат ва афзалиятҳои он дар сиёсати хориҷӣ мувофиқат мекунанд?
Дархости дахлдори Кумитаи мо ба Хадамот ирсол шудааст. Посухи расмиро интизорем. Мо итминон дорем, ки дар шароити имрӯзаи мураккаби байналмилалӣ ва ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва фазои комилан нави сиёсиро дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки бар принсипҳои ошкоро, эътимоди мутақобила ва ҳамсоягии нек асос ёфтааст, ҳар яки мо дар фаъолияти худ дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои бародар: Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон саҳми арзанда мегузорад.
Аммо бо гузашти беш аз ду ҳафта ин ҷониб, Хадамоти давлатии назорат ва сифати таълими Ӯзбекистон ба намояндаи парлумон Равшанбек Алимов ҷавоб нагуфтааст. Хадамот сукут ихтиёр кардааст.
Магар офтобро бо доман пӯшонида мешавад?
Ба андешаи таҳлилгарон, новобаста ба таҳлили Хадамоти давлатии назорат ва сифати таълими кишвари ҳамсоя, дар муқоиса ба солҳои қаблӣ воқеан ҳам, сатҳи таълим дар бархе макотиби олии кишвар бо ду пой мелангад. Ва офтобро бо доман ҳам пӯшонида намешавад. Як сабаби асосии коҳиш ёфтани донишазхудкунии донишҷӯён, ин гузаштан ба низоми кредитии таҳсилот мебошад. Ин низоми аврупоист, ки тақрибан даҳ сол пеш Тоҷикистон ба ин низоми таълим гузашт. Дар ибтидои гузаштани Тоҷикистон ба ин шеваи таълим, борҳо зери интиқод қарор гирифта буд. Зеро Тоҷикистон комилан ба ин шакли таълим омода набуд. Аммо ҷавоби масъулини маорифи кишвар он замон як буд: Илоҷ нест, ҳамқадами замон мебояд шуд! Ин зарбаи калон ба соҳаи илму маорифи кишвар зад. Донишҷӯёнро аз китоб хондан, ҳисобу китоб намудан, фикр кардан ва ба машварати устод омадан маҳрум намуд. Системаи шӯравии таҳсилот беҳтарин система буд.
Ҳоло раванди ҷорӣ кардани низоми дигари таълим муддати ду сол инҷониб дар макотиби олии Тоҷикистон идома дорад. Ин таҳсили фосилавии донишҷӯён мебошад. Аллакай бештари муассисаҳои олии кишвар ихтисосҳои худро ба ин шеваи таълим омода ва донишҷӯёнро қабул мекунанд. Муҳассилин бошанд, дар хона истода, тариқи интернет супоришҳоро иҷро мекунанд. Яъне, ин тарзи таълим зина ба зина таҳсили ғоибонаро аз байн мебарад. Аммо набудани технологияи дурусти таълим, суръати сусти интернет, гарон будани нархи он ва чанд мушкилоти дигар пойбанди кунд пеш рафтани ин шеваи тадрис мебошад.
Раҳимзода: Донишгоҳҳои ба талабот ҷавобгӯнабуда баста шаванд!
Муаллифи матлаб соли гузашта бо Шариф Раҳимзода, собиқ раиси Бонки миллӣ ва ҳоло директори Институти иқтисодиёт ва демографияи аҳолии Академияи илмҳои Тоҷикистон доир вазъи воқеии иқтисоди кишвар суҳбат дошт. Азбаски номбурда профессори яке аз муассисаҳои олии кишвар низ ҳаст ба суоли “Имрӯз тамоми муассисаҳои олии кишвар ба низоми кредитии таҳсил гузаштаанд. Шумо ин низомро ҷонибдорӣ мекунед?” чунин ҷавоб гуфта буд: “Ман сад дар сад ҷонибдори низоми тестии қабули довталабон ба донишгоҳҳоям, зеро он 90 фоизи мушкилиҳоямонро аз байн бурд. Аммо низоми кредитии таълимро қабул надорам. Онро ба истилоҳ “тоҷикӣ” кардему ба талаботи имрӯзаи ҷомеаи мо ҷавобгӯй нест. Худ муаллимаму мебинам, ки донишҷӯён чӣ гуна баҳо мегиранд. Донишҷӯ, агар дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол бошад, метавонад ба осонӣ соҳиби диплом шавад”. Дар мавриди имрӯз мисли занбурӯғҳои баъди борон дар бештари муассисаҳои олии кишвар дар риштаи иқтисод мутахассисон омода мешаванд, аммо аксарият бо ҷойи кор таъмин намешаванд, Шариф Раҳимзода иброз дошта буд: “Донишгоҳе, ки мутахассиси хуб омода мекунад, бояд дастгирӣ ёбад. Донишгоҳҳое, ки ба талабот ҷавобгӯй нестанд, бояд баста шаванд. Бубинед, чанд сол пеш дар Россия 2068 донишгоҳ амал мекард. Ҳоло ин рақам то 1167 адад расидааст. Бештарашон ба рақобат тоб наоварда, баста шуданд. Вақте ки сифати таҳсил паст шуд, ниҳоди дахлдор иҷозатномаи онҳоро мегирад. Имрӯз қисме аз донишгоҳҳои мо аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ мешаванд, сохторҳои дахлдор бошанд, дар ин самт назоратро бояд пурзӯр кунанд. Зеро мутахассисони ин муассисаҳои олӣ боз дар сохторҳои давлатӣ фаъолияти худро идома медиҳанд”.
Усмон Раҳимзода, “Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ