Ректори Донишгоҳи аграрӣ: Донишҷӯён ба хобгоҳ ва идрорпулӣ таъминанд

Дар бинои асосии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон нишасти хабарӣ баргузор гардид.

Усмон  Маҳмадёрзода, ректори донишгоҳ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки ҳамасола дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ярмаркаи тақсимоти хатмкунандагон ва таъмини мутахассисони ҷавон бо ҷойи кор гузаронида мешавад.

Моҳи майи имсол низ тавассути ин ярмарка 108 нафар хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавӣ аз тарафи зерсохторҳои Вазорати кишоварзӣ бо кор таъмин шуда, боқимонда хатмкунандагони буҷавӣ дар асоси дархостҳои пешниҳодшудаи худи онҳо бо кор таъмин гардиданд.

Инчунин ректор дар нишаст қайд кард, ки дар донишгоҳ тамоми донишҷӯёни тибқи квотаи президентӣ таҳсилкунанда бо хобгоҳ ва идрорпулӣ таъмин мебошанд.

Кӯмакҳои яквақтаи донишгоҳ ва садорати факултетҳо дар арафаи иду ҷашнҳо мунтазам ба ин донишҷӯён ва собиқадорони ин даргоҳ  расонида мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *