Донишгоҳи давлатии Кӯлоб 75-сола шуд

«Масъалаҳои мубрами илму маориф дар шароити ҷаҳонишавӣ»-таҳи ин унвон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати олимону профессорон ва донишҷӯён доир гардид.

Конференсияи мазкур  ба 75-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида шуда буд.

“Бинобар сабаби пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID – 19  конференсия ба сурати фосилавӣ гузаронида шуд”,-иттилоъ додан аз раёсати донишгоҳ.

Тибқи иттилои манбаъ, дар конференсия донишмандону пажӯҳишгарон, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ иштирок намуданд.

Абдусалом Мирализода, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, доктори илмҳои педагогӣ, профессор оид ба саҳми донишгоҳ дар рушду инкишофи илму маориф сухан гуфт. “Раёсати донишгоҳ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар партави ҷашни 75-солагии таъсиси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз имконияти мавҷуда заминаи моддӣ-техникии муассисаро мустаҳкам намуда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим кӯшиш намояд ва соҳаҳои хоҷагидории мамлакатро бо мутахассисони рақобатпазири бозори меҳнат таъмин намояд”, иброз дошт ректор.

Дар конференсия  доир ба мавзӯъҳои «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи маориф», “Аз таърихи мухтасари таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ”, “Аз таърихи донишгоҳҳои ҷаҳон” ва ғайра маърӯзаҳои илмии донишмандон шунида шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *