Донишгоҳи Кӯлоб соҳиби бинои нав мешавад

Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ Раҳмон Дилшод Сафарбек гуфт, ки дар давраи ҳисоботӣ 37 кафедраи донишгоҳ қариб 400 семинару ҳамоиш баргузор кардаанд, ки дар онҳо 790 нафар устодон бо маърӯзаҳо баромад  намудаанд.

“Аз ҷониби донишҷуён ба озмуни ҷумҳуриявии «Муҳақиқ ва ихтироъкори ҷавон 12 кори илмӣ-тадқиқотӣ пешниҳод гардида, 5 тои онҳо сазовори диплому мукофотҳо гардиданд”, – хабар дод ректор.

Ҳамчунин, ректор гуфт, ки бунёди корпуси асосии донишгоҳ иборат аз  8 ошёна  оғоз шудааст. “Бинои асосии донишгоҳ ба пешвози 80 -солагии донишгоҳ, ки соли равон таҷлил мегардад, бунёд хоҳад шуд”,– гуфт ректор.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *