Донишгоҳи миллии Тоҷикистон — боргоҳи асосии омода намудани мутахассисон
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маркази бузурги таълимию илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар рушду такомули соҳаи илму маориф, баланд бардоштани маърифат, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос мақому манзалати хоса дорад. Дастпарварони ин боргоҳи илму маърифат дар пешрафти давлати мустақили Тоҷикистон, рушду равнақи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангии кишвар саҳми арзанда мегузоранд.
Соли 2021 ҳайати бисёрҳазорнафараи омӯзгорону кормандон, докторантону магистрон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни миллии мардуми шарафмандамонро бо шукуҳу шаҳомати хоса ва руҳу илҳоми тоза ҷашн гирифта, дар таҷлили ин санаи пуршараф ва ҳаётан муҳим ширкати фаъолона намуданд.
Дигар аз лаҳзаҳои хотирмони соли сипаригашта ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати ифтитоҳи бинои таълимии факултетҳои иқтисодӣ ва хобгоҳи донишҷӯён, ҳамчунин гузоштани санги асос барои сохтмони силсилаи 2-юми бинои хобгоҳи 12-ошёна дар мавзеи “Шаҳраки донишҷӯён” буд. Ба истифода додани биноҳои мазкур туҳфаи арзандае буд ба кулли устодону донишҷӯёни ин боргоҳи илму маърифат дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳамчунин, зимни ташрифи Пешвои миллат дар ин рӯз бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои Сарвари давлат дар рушду пешрафти ҳамаҷонибаи донишгоҳ ва инъикоси овони донишҷӯӣ дар бинои факултети иқтисодӣ Осорхонаи Пешвои миллат мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат раёсати донишгоҳ низ мекӯшад, то пайваста дар маркази боварии роҳбарияти мамлакат қарор дошта, ҳамчун донишгоҳи пешоҳанги ҷумҳурӣ дар рушду инкишофи ҷомеа саҳмгузор бошад. Иштироки фаъоли ҳайати омӯзгорон, донишҷӯёну магистрон ва кормандон, ҳатто хонандагони литсейи донишгоҳ дар чорабиниҳои сатҳи гуногуни давлатӣ, аз ҷумла дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм — фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон — Ватани азиз ман”, олимпиадаҳои Ҷоми Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимпиадаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ далели гуфтаҳои мазкур мебошад.
Яке аз дастовардҳои назаррас — ин гузаштани Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз аккредитатсияи институтсионалии байналмилалӣ тавассути ҷалби Агентии аккредитатсионии аврупоии ЕККА мебошад. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аввалин муассисаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки пурра аз аккредитатсияи институтсионалии аврупоӣ гузашт ва мақоми худро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам мустаҳкамтар намуд.
Ҳамзамон, дастоварди дигари назарраси донишгоҳ дар соли сипаригардида ишғол намудани ҷойи 241-ум дар миёни 450 донишгоҳи беҳтарин ва пешрафтаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ мебошад, ки аз ҷониби ширкати бонуфузи британиягии «Quacquarelli Symonds (QS)» — Раддабандии донишгоҳҳои ҷаҳонӣ муайян карда шудааст. Чунин дастовардҳо дар таърихи соҳибистиқлолии кишварамон дар доираи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ватанӣ аввалин мебошанд ва бешак, муаррифгари дастовардҳои таҳсилот ва илми тоҷик (ва донишгоҳ) дар 30 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд.
Ҳамчунин, бо мақсади муайян кардани беҳтарин муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олӣ гузаронида мешавад. Дар оғози соли 2021 рейтинги навбатии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ баргузор шуд, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар байни 34 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ сазовори ҷойи 1-ум гардида, соҳиби ҷоизаи ин озмун шуд. Натиҷаи рейтинги мазкур бори дигар баланд будани сатҳи сифати таҳсилро дар “Соли рушди сифати таҳсилот” дар донишгоҳ исбот намуд, ки ин натиҷаи заҳмати бевоситаи ҳайати омӯзгорони факултет ва кафедраҳои донишгоҳ дар якҷоягӣ бо раёсати донишгоҳ мебошад.
Дар мувофиқа бо Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди сохторҳои дахлдор ихтисосҳои диншиносӣ дар факултети фалсафа, бехатарии иқтисодӣ, иқтисодиёти минтақа ва рушди маҳал дар факултети иқтисод ва идора таъсис дода шуда, қабули донишҷӯён барои соли таҳсили 2021-2022 дар гуруҳҳои шартномавии ихтисосҳои мазкур эълон карда шуд. Ҳамчунин, вобаста ба талаботи замон ва бо мақсади таъмини бозори меҳнат бо мутахассисони баркамол дар донишгоҳ як қатор кафедраҳои нав, аз қабили диншиносӣ дар факултети фалсафа, кафедраҳои анатомияи одам, микробиология ва вирусология, дандонпизишкӣ дар факултети тиббӣ таъсис дода шуданд.
Қобили зикр аст, ки дар донишгоҳ 769 нафар омӯзгори унвони илмидор фаъолият доранд, ки мутаносибан 59 фоизро ташкил медиҳанд, ки ин фоиз яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ мебошад. Ҳамчунин, дар донишгоҳ 12 нафар академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 12 нафар узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.
Донишгоҳ дорои 19 факултет буда, дар биноҳои таълимӣ барои як баст (смена)-и таълимӣ ба донишҷӯён 12 146 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.
Соли сипаришуда дар пояи донишгоҳ 6 Шӯрои диссертатсионии ФР ва 14 Шӯрои диссертатсионии КОА назди Президенти ҶТ фаъолият менамуд. Тайи 5 соли охир (2017-2021) дар пояи шӯроҳои диссертатсионии ДМТ 609 нафар устодону кормандони донишгоҳ, дигар донишгоҳу донишкадаҳо ва пажуҳишгоҳҳои ҷумҳуриву хориҷи кишвар рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ намуданд. Шуруъ аз соли 2022 теъдоди шӯроҳои диссертатсионӣ дар ДМТ наздики ду маротиба зиёд мегардад, ки ба дифои рисолаҳои илмии унвонҷӯёни донишгоҳ ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд.
Донишҷӯёни донишгоҳ пайваста дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуда, ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ ноил мегарданд. Аз ҷумла, соли сипаришуда донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Универсиадаи дуюми патентии Авруосиёгии “Взгляд в будущее” (“Нигоҳ ба оянда”) сазовори ҷойи аввал гардиданд. Дастаи олимпии донишгоҳ дар олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», ки аз 12 то 13-уми марти соли 2021 аз рӯйи 7 ихтисоси равияи тахассусӣ ва 7 ихтисоси равияи ғайритахассусӣ баргузор гардид, бо ишғоли нуҳ ҷойи ифтихорӣ (5 ҷойи аввал, 2 ҷойи дуюм ва 2 ҷойи сеюм) аз фанҳои тахассусӣ ва ғайритахассусӣ соҳиби «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» гардиданд. Дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён таҳти унвони “Дониш талабу бузургӣ омӯз!” дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дастаи олимпии донишҷӯёни донишгоҳ бо ишғоли 11 ҷой (6 ҷойи аввал, 4 ҷойи дуюм ва 1 ҷойи сеюм) байни дастаҳои олимпии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ сазовори ҷойи аввал шуда, соҳиби диплом ва туҳфаи хотиравӣ гардид.
Бо мақсади дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон ва дар амал татбиқ намудани Амри Пешвои миллат донишҷӯёну магистрантони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар даври ҷумҳуриявии озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» бо соҳиб гардидани 15 ҷой (5 ҷойи 1-ум, 4 ҷойи 2-юм, 5 ҷойи 3-юм ва 1 Ифтихорнома) сазовори ҷойи аввал ва дар даври ҷумҳуриявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо соҳиб гардидани 6 ҷой (2 ҷойи 1-ум, 1 ҷойи 2-юм ва 3 ҷойи 3-юм) ҳамчунин сазовори ҷойи 1-ум гардиданд.
Дар соли 2021 омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ зимни иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ 177 медал, аз ҷумла 66 тилло, 54 нуқра ва 57 биринҷӣ ба даст оварданд. Аз ин шумора 116 медал (44 тилло, 35 нуқра, 37 биринҷӣ) ба мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва 61 медал (22 тилло, 19 нуқра, 20 биринҷӣ) ба мусобиқаҳои варзишии сатҳи шаҳрӣ рост меоянд.
Айни ҳол донишгоҳ бо 313 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шартнома ва қарордоди ҳамкорӣ дошта, боз тасвиби созишнома ва тафоҳумномаҳои ҳамкории нав идома дорад.
Барои баланд бардоштани савияи дониши касбӣ ва илмии донишҷӯён дар донишгоҳ маҳфилҳои илмии «Хирадманд», «Зеҳн», «Ворисони Куруш», «Ҳуқуқшинос» ва даҳҳо маҳфилҳои дигар амал мекунанд. Ҳамчунин, нашрияҳои «Ба қуллаҳои дониш», «Ҳуқуқшинос» ва маҷаллаҳои илмии «Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», «Илм ва фанноварӣ» фаъолият доранд. Дар донишгоҳ ансамбли халқии «Наврӯз», клубҳо, дастаҳои варзишӣ, созмонҳои мухталифи занон, духтарон, ҷавонон, маҳфилҳои илмию таҳқиқотӣ ва эҷодӣ фаъолона амал мекунанд.
Раёсат ва аҳли омӯзгорону кормандони ин боргоҳи маърифат дар оянда низ мекӯшанд, ки дар пешрафту татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Президенти мамлакат саҳмгузор бошанд.
Рамзи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №101 мебошад.
Марҳабо, ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон!
Суроға: ш. Душанбе, х. РӮдакӣ, 17
Телефон: 221-62-25, 221-74-22
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ