Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мақоми аввалро гирифт
Дастаи донишҷўёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рўйи чор наминатсия иштирок намуда, сазовори 4 ҷойи якум, 6 ҷойи дуюм ва 1 ҷойи сеюм гардиданд.
Дар ин бора Талабшоҳ Иҳромов, сухангӯи ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба Pressa.tj хабар дод. Ба гуфтаи номбурда, имсол дар озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо соҳиб гаштани 11 ҷойи намоён миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар мақоми аввал қарор гирифт.
«Имсол озмун аз рўйи 5 номинатсия – хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик, хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик, хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик, хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон ва номинатсияи шоирӣ сурат гирифт. Дастаи донишҷўёни донишгоҳ дар давраҳои донишгоҳӣ ва шаҳрӣ ғолиб баромада, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд ва дар даври навбатӣ фаъолона иштирок варзиданд. Рўзи 18-уми декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Ғолибон бо ҷоизаҳои таъсисдодаи Кумитаи тадорукот, диплому ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Дастаи донишҷўёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рўйи чор наминатсия иштирок намуда, сазовори 4 ҷойи якум, 6 ҷойи дуюм ва 1 ҷойи сеюм гардиданд», -гуфт Талабшоҳ Иҳромов.
Ҷойи аввал:
1. Сарвиноз Саидова–донишҷўи курси 2-юми факултети забонҳои Осиё ва Аврупо аз рўйи номинатсияи 1-ум (хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик);
2. Шероз Бобохонов–донишҷўи курси 2-юми факултети забонҳои Осиё ва Аврупо аз рўйи номинатсияи 2-юм (хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик);
3.Фарзона Восиева–донишҷўи курси 3-юми факултети забонҳои Осиё ва Аврупо аз рўйи номинатсияи 3-юм (хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик);
4.Шабнам Одинаева–донишҷўи курси 2-юми факултети муносибатҳои байналхалқӣ аз рўйи номинатсияи 4-ум (хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон).
Ҷойи дуюм:
1.Дилфуза Аҳмадҷонова–донишҷўи курси 2-юми факултети забонҳои Осиё ва Аврупо аз рўйи номинатсияи 4-ум (хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон);
2.Гулафзо Пирова–донишҷўи курси 3-юми факултети ҳуқуқшиносӣ аз рўйи номинатсияи 2-юм (хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик);
3. Самандарзода Парвина – донишҷўи курси 2-юми факултети журналистика аз рўйи номинатсияи 2-юм (хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик);
4.Сулаймони Аҳтам–магистранти соли 2-юми факултети филологияи тоҷик аз рўйи номинатсияи 1-ум (хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик);
5.Султон Каримов–донишҷўи курси 1-уми факултети журналистика аз рўйи номинатсияи 1-ум (хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик);
6.Нодира Ханҷарова–донишҷўи курси 4-уми факултети журналистика аз рўйи номинатсияи 4-ум (хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон).
Ҷойи сеюм:
1.Ёрмухамедова Шаҳло–донишҷўи курси 3-юми факултети филологияи тоҷик, аз рўйи номинатсияи 1-ум (хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик).
Бо “Ифтихорнома”
1. Мадина Ҳаитова–донишҷўи курси 1-уми факултети муносибатҳои байналхалқӣ аз рўйи номинатсияи 4-ум (хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон);
2. Шаҳзодахон Бурхонова–донишҷўи курси 1-уми факултети муносибатҳои байналхалқӣ аз рўйи номинатсияи 4-ум (хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон);
3. Дилноза Бобомуродова–донишҷўи курси 3-юми факултети забонҳои Осиё ва Аврупо аз рўйи номинатсияи 4-ум (хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон);
4. Сафарзода Моҳпочо–донишҷўи курси 2-юми факултети филологияи тоҷик аз рўйи номинатсияи 5-ум (шоирӣ).
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ