Донишгоҳи молия ва иқтисод дарсҳои чандрасонаиро ба роҳ мемонад?
Давоми шаш моҳи аввали соли 2022 Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ҷойи чаҳорумро соҳиб гашт. Дар ин бора Ҳакимбек Абдуалимзода, ректори донишгоҳи мазкур зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дод.
Бино ба иттилои номбурда, донишгоҳ бо 6 муассисаи олии хориҷи кишвар шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.
— Дар давраи ҳисоботӣ дар доираи лоиҳаи грантӣ дар донишгоҳ озмоишгоҳи таълимию таҷрибавии “Иқтисодиёти рақамӣ” ифтитоҳ гардид, ки он имконият медиҳад минбаъд раванди рақамикунонии фанҳои таълимӣ, таҳияи наворҳои иттилоотию иртиботӣ, аудио ва видиолексияҳо суръат бахшида шуда, дар ояндаи наздик дар раванди таълим ҷорӣ карда шаванд,- гуфт ректор.
Ба гуфтаи ӯ, айни замон дар самти баланд бардоштани сатҳи сифати таълим ва мутобиқ намудани он ба меъёрҳои байналмилалӣ, пурра гузаштан ба шакли электронии идоракунии донишгоҳ, тақвияти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ корҳо идома доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ