Донишгоҳи (Славянии) Россия ва Тоҷикистон — ояндаи дурахшони довталабон

Донишгоҳи (Славянии) Россия ва Тоҷикистон ҳамчун яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии пешсаф ва замонавӣ дар бахши тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаҳои гуногуни ҳаётан муҳиму зарурии кишвар, аз қабили васоити ахбори омма, маориф, иқтисод, њуќуќшиносї, робитаҳои байналмилалӣ, фарҳангшиносӣ, инчунин технологияҳои муосири иттилоотӣ нақши бориз дорад.

Саҳми ДСРТ дар амалӣ намудани ислоҳоти зинаи таҳсилоти олии касбӣ ва баланд бардоштани сифати тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ва соҳибтаҷриба назаррас аст.

Дар ДСРТ муаллимони соҳибтаҷриба аз ҳисоби хатмкунандагони ин даргоҳ тайёр карда мешаванд, ки натиҷабахш ва босамар аст. Зеро ин хатмкунандагон таҳсилкардаи ҳамин донишгоҳанд ва илова бар он, ки донишу таҷрибаи устодони варзидаи худро аз худ кардаанд, боз аз руҳияву рафтори таҳсилкунандагон, инчунин аз фазои фарҳангӣ-илмии донишгоҳ комилан бохабаранд, ки ин барои хубтар ба роҳ мондани таълим ва дар сатҳи олӣ гузаронидани машғулиятҳо аввалиндараҷа аст.

Китобу дастурҳои таълимӣ бевосита аз тарафи Донишгоҳи славянӣ барои донишҷӯён ҳам дар шакли электронӣ ва ҳам дар шакли китобӣ, яъне чопӣ фароҳам оварда шудаанд. Ғайр аз ин, донишгоҳ дорои китобхонаи замонавӣ мебошад, ки донишҷӯён метавонанд аз он тамоми намуди маводҳои лозимиро дастрас ва мутолиа намоянд.

ДСРТ яке аз пешқадамтаринҳо буда, дар он шароитҳои замонавии таълим фароҳам оварда шудааст, ки дар саросари кишвар қариб назираш дида намешавад.

Бояд гуфт, ки Донишгоҳи (Славянии) Россия ва Тоҷикистон дар тобеияти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия қарор дорад. Аз ин хотир, он дорои мақоми донишгоҳи давлатии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки донишгоҳ 5-уми апрели соли 1996 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 141 тибқи шартномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.05.1993 таъсис ёфтааст. Муассисон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мебошанд.

Яке аз ҳадафҳои асосии донишгоҳ ҷорӣ намудани ғояҳо, принсипҳо ва технологияҳои муосир буд, ки он барои дар сатҳи баланд гузаштани тайёрии касбии мутахассисони оянда хеле заруру лозимӣ ба шумор мерафт. Дар соли 1996 тайёр кардани мутахассисон дар ду факултаи донишгоҳ — гуманитарӣ ва иқтисодӣ-ҳуқуқӣ ба роҳ монда шуд. Факултаи гуманитарӣ то соли 1998 мутахассисони филологияи рус, журналистика, забоншиносӣ, таърих, робитаҳои байналмилалӣ ва фарҳангшиносиро омода мекард. Аллакай пас аз як сол таълим дар донишгоҳ дар се факулта: филологӣ, иқтисодӣ, таърихӣ ва ҳуқуқӣ сурат мегирифт. Дар моҳи сентябри соли 2000-ум факултаи таърих ва ҳуқуқ ба факултаи таърих ва муносибатҳои байналмилалӣ ва факултаи ҳуқуқшиносӣ тақсим карда шуд. Ҳамин тавр, шуҳрати донишгоҳи нав афзоиш ёфт, шумораи донишҷӯён зиёд гардиданд, доираи фарогирии факултетҳо васеъ шуд ва ҳайати омӯзгорон мустаҳкам гардид. Дар соли 2000-ум ҳайати омӯзгорон аллакай 240 нафарро ташкил медоданд, аз ҷумла докторҳои илм, профессорҳо 43 ва номзадҳои илм ва дотсентҳо 85 нафар.

Т. А. ХОҶАЗОДА, ректори ДСРТ, доктори илмҳои физикӣ-математикӣ, профессор

Дар замони кунунӣ сохтори донишгоҳ дорои 6 факултет, Институти такмили ихтисоси муаллимон, мактаби миёна, маҷмааи амалияи таълимӣ дар шаҳри Норак ва дигар шуъбаҳои илмӣ мебошад. Айни замон дар ин даргоҳи маърифат таълими донишҷӯён тибқи барномаҳои таълимие, ки ба стандартҳои давлатии дар Федератсияи Россия муқарраршуда ҷавобгӯ мебошанд, сурат мегирад. Аъзои ректорат, профессорон, олимон, устодон ва хусусан ректори донишоҳ муҳтарам Хоҷазода Тоҳир Абдулло ва муовинонашон пайваста саъйу талош доранд, то сатҳу сифати таҳсил дар дараҷаи баланд ва ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳони муосир бошад.

Дар ДСРТ таълим дар 16 самти бакалавр, 11 самти дараҷаи магистр аз рӯи 16 барномаи таълимӣ ва як соҳаи ихтисос ба роҳ монда шудааст, ки ба талаботҳои байналмилалии сифати таҳсил ҷавобгӯст. Инчунин, илова бар ин, машғулиятҳо бо забони русӣ мегузаранд, ки барои боз ҳам хубтар шудани дараҷаи амалии забондонии донишҷӯён мусоидат мекунад.

Пас аз хатми донишгоҳ дипломи бакалавр ба мутахассис дода мешавад, ки ба талаботҳои давлатии Федератсияи Россия ҷавобгӯ мебошад.

Дар аспирантураи ДСРТ кадрҳои илмӣ ва педагогӣ аз рӯи ихтисосҳои таърих ва бостоншиносӣ, иқтисод, васоити ахбори омма, забоншиносӣ ва адабиётшиносӣ таълим дода мешаванд. Дар донишгоҳ Шӯрои диссертатсионӣ Д 777 .011.01 аз рӯи ихтисосҳои 10.01.10 ва 10.02.20 — лингивистикаи муқоисавӣ дар илмҳои филологӣ мавҷуд аст ва маҷаллаи “Паёми донишгоҳ” (“Вестник университета”) нашр карда мешавад, ки ба рӯйхати маҷаллаҳои илмии Русия дохил карда шудааст.

Дар ДСРТ якчанд марказҳо фаъолият мекунанд, ки барои боз ҳам тақвият бахшидани донишҳои назариявӣ — амалиявии донишҷӯён, мутахассисон, пажуҳишгарон нақши калон мебозанд. Аз ҷумлаи чунин марказҳо маркази русии “Ҷаҳони Русия”, Маркази фарҳанг, Маркази забони тоҷикӣ, Маркази UNICO, Маркази санҷиши забони русӣ, Маркази захиравии туризм, Маркази геополитикӣ, Маркази таҳқиқоти минтақавӣ, Маркази иттилоотии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази иртиботи иттилоотӣ, Маркази забон ва фарҳанги рус ва ғайра мебошанд. Инчунин, дар соли таҳсили 2015-2016 Маркази байнисоҳавии иттилоотӣ-таҳлилии омӯзиши минтақаҳои ҷаҳонӣ ва маркази мубориза бо терроризм ва экстремизм таъсис дода шудаанд.

Натиҷаи кӯшишу ғайрати аҳли ин боргоҳи маърифат буд, ки бо дарназардошти шуҳрат ва сатҳи таълим аз соли 2000-ум инҷониб донишҷӯён аз хориҷи кишвар ба ДСРТ дохил шуданро сар карданд. Дар тӯли тамоми давраи таҳсил хориҷиён забони русиро меомӯзанд.

Ногуфта намонад, ки пас аз супоридани бинои нави таълим дар соли 2016, лабораторияҳои муосири лингафонӣ барои таълими забонҳо ба истифода дода шуданд, ки сатҳу сифати таълимро боз ҳам баландтар кард.

Дар донишгоҳ донишҷӯён беш аз 10 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Афғонистон, Арманистон, Қирғизистон, Белорус, Туркманистон, Россия, Ӯзбекистон, Чин, Кореяи Ҷанубӣ таҳсил мекунанд.

Довталабон метавонанд бидуни шак ин даргоҳи илму маърифатро интихоб намоянд, зеро Донишгоҳи (Славянии) Россия ва Тоҷикистон — ин ояндаи дурахшон ва фардои пурумеди ҳар яки онҳост.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *