Донишгоҳи технологии Тоҷикистон — макони омодасозии мутахассисони рақобатпазир

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соли 1990 таъсис ёфта, аввалин маротиба дар таърихи Тољикистон барои соҳаҳои воқеии иқтисодиёти кишвар — саноати сабук ва хўрокворӣ мутахассисони маълумоти олӣ доштаро, ки то даврони Истиқлолият дар хориљи кишвар тайёр карда мешуданд, таъмин намуд. Дар тӯли фаъолият барои соҳаҳои гуногуни хољагии халқи кишвар зиёда аз 14500 нафар мутахассисони рақобатпазирро тайёр намудааст ва ҳоло онҳо дар соҳаҳои калидии иқтисодиёти кишвар фаъолият бурда истодаанд.

Донишгоҳ барои ташкили босамари љараёни таълим ва дар сатҳи талаботҳои стандартҳои байналмилалӣ тайёр намудани мутахассисон дорои потенсиали баланди илмӣ — педагогӣ, пойгоҳи васеи моддию техникӣ мебошад. Зиёда аз 90 синфхонаҳо бо тахтаҳои электронӣ ва асбобҳои мултимедиявӣ љиҳозонида шуда, дар љараёни таълим ва корҳои илмию тадқиқотӣ зиёда аз 900 компютерҳо ва 24 синфхонаҳои компютерӣ, зиёда аз 20 озмоишгоҳҳои тахассусӣ мавриди истифода қарор доранд. Донишгоҳ бо хати оптикӣ ба шабакаи Интернет пайваст мебошад.  Мављудияти академияи маҳаллии Cisco имконият медиҳад, ки донишљўён дар курсҳои сертификатсионии Cisco иштирок намоянд ва соҳиби сетртификати дараљаи байналмилалии мутахассиси ин ширкат гарданд.

Мављудияти озмоишгоҳҳои тахассусии таълимӣ, ҳамкории васеъ бо корхонаҳои саноатӣ имконият медиҳанд, ки мутахассисон баъди хатми донишгоҳ ба талаботи бозори меҳнат тайёр бошанд ва соҳиби љойи кор гарданд. Донишљўён дар давоми таҳсил ба корхонаҳои саноатӣ, бонкҳо, ширкатҳо ба таљрибаомўзӣ ва гузаронидани дарсҳои тахассусӣ љалб карда мешаванд.

Донишљўён дар Марказҳои омўзиши ҳунарҳои мардумӣ ва дизайн иштирок намуда, маҳорати касбии худро метавонанд сайқал диҳанд. Донишљӯёни дилхоҳ факултетҳо дар ин марказҳои ҳунаромўзӣ иштирок намуда, нозукиҳои дўхтани сарулибос, зардўзӣ, расмкашию нақшбандӣ дар армуғонҳоро аз худ мекунанд. Инчунин, дар донишгоҳ аз рўйи 21 ихтисос курсҳои сертификатсионӣ амал менамоянд.

Ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ васеъ буда, бо беш аз 102 таълимгохҳои олии хориљи кишвар ҳамкорӣ дорад. Мутахассисон аз хориҷи кишвар даъват карда шуда, аз фанҳои тахассусӣ ба донишҷӯён дарс медиҳанд. Хар сол дар доираи барномаҳои байналмилалии ЭРАСМУС+, GIZ соҳиби чандин грантҳо мегардад, ки онҳо ба кормандон ва донишљўён барои дар хориљи кишвар таҳсил ва таљрибаомўзӣ намудан имкониятҳои васеъро фароҳам меоранд. Дар назди ДТТ фаъолият намудани Маркази Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ оид ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ имконият медиҳад, ки донишҷӯён забонҳои муосири барномасозиро аз худ намуда, тарзи барномарезии кори роботҳо ва савораҳои беодамро аз худ намоянд.

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар асоси ҳамкориҳо бо таълимгоҳҳои олии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Белорус, созишномаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Полотск ба имзо расонид, ки дар заминаи он Факултети муштараки Донишгоҳи давлатии Полотски Ҷумҳурии Белорус ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Дар асоси низомномаи факултет дар назар дошта шудааст, ки донишҷӯён ду соли аввал дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таҳсил намуда, имконияти давом додани таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Полотски Ҷумҳурии Белорусро доранд. Донишгоҳи давлатии Полоск яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Ҷумҳурии Белорус буда, ҳамкориҳои байналмилалиро бо таълимгоҳҳои олии касбии кишварҳои Австрия, Британияи Кабир, Италия, Испания, Португалия, Шветсия, Олмон, Финляндия ва як қатор дигар таълимгоҳҳои олии касбии Иттиҳоди Аврупо ба роҳ мондааст ва ба донишҷӯён имконияти таҳсил дар кишварҳоро низ фароҳам овардааст.

Донишгоҳ аз рўйи 49 ихтисос дар зинаи бакалавр, аз рўйи 36 ихтисос дар зинаи магистратура ва аз рўйи 8 самти илмӣ докторантура аз рўи ихтисос PhD мутахассис тайёр мекунад. Бо қарори Шўрои аккредитатсионии Агентии мустақили рейтинг ва аккредитатсияи Љумҳурии Қазоқистон аз 28-уми феврали соли 2020, №49 ду барномаи таълимии донишгоҳ ба муҳлати 5 сол ва барои як барномаи таълимӣ ба муҳлати 3 сол соҳиби Шаҳодатномаи байналмилалии аккредитатсияи барномавӣ гардиданд.

Шуруъ аз соли таҳсили 2022-2023 дар донишгоҳ ихтисоси интеллекти сунъӣ таъсис дода шудааст, ки мутахассисонро мутобиқи талаботҳои стандартҳои байналмилалӣ бо ҷалби мутахассисон аз Кореяи Ҷанубӣ омода менамояд.

Дар раванди автоматикунонии фаъолияти донишгоҳ дар китобхона барномаи ба таври автоматӣ баҳисобгирии захираи китобҳо, дархости автоматии китобҳо ба роҳ монда шуда, инчунин китобхонаи электронии донишгоҳ бо истифода аз 30 адад компютер ташкил карда шудаст. Инчунин як толори ташкили онлайн-дарсҳо мавриди истифода қарор дода шуд, ки бо ҷалби олимони донишгоҳҳои хориҷи кишвар дарсҳо гузаронида мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *