Донишгоҳи тиббӣ аз аккредатсияи байналмилалӣ гузашт
Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ, яъне донишгоҳӣ гузашт. Дар ин бора имрӯз, 28-уми январ ректори ин таълимгоҳ Маҳмадшоҳ Гулзода зимни нишасти хабарӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ихтисосҳои “Кори табобатӣ”, “Стоматология” ва “Нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ” –и донишгоҳро Агентии мустақили аккредитатсионӣ ва рейтингии Қазоқистон эътироф карда, сертификати байналмилалӣ додааст.
“Ин эътирофи байналмилалӣ аст. Ба пешрафт ва нуфузи донишгоҳи мо дар арсаи байналмилалӣ таъсири худро мегузорад. Дар рӯйхати муассисаҳои олии тиббии берун аз кишвар номи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон низ ворид мегардад. Ин имкон медиҳад, ки шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми интихоби таҳсил Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро дар мадди назар гиранд. Инчунин, ба афзоиши донишҷӯёни хориҷӣ дар донишгоҳ мусоидат мекунад. Ҳоло дар донишгоҳ беш аз 1500 донишҷӯи хориҷӣ, ки бештарашонро шаҳвандони Ҳиндустон ташкил мекунанд, таҳсил доранд. Ин ҳам як навъи сармоя аст. Зеро вақте донишҷӯи дигар давлат ба кишвари мо меояд, ин ҷо хароҷот мекунад”, — чунин шарҳ дод ректор.
Ба гуфтаи Гулзода, шартномаи таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ нисбат ба донишҷӯёни ватанӣ ба маротиб боло аст. Ба таври мисол, нархи соланаи таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон барои шаҳрвандони бурунмарзӣ 3500 доларро ташкил мекунад, ки онҳо ин маблағро муодили сомонӣ ба хазинаи донишгоҳ пардохт мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ