Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” соли 1939 таъсис ёфтааст. Дар тӯли 82 соли фаъолият донишгоҳ зиёда аз 45 000 нафар мутахассисони соҳаи тибро тайёр кардааст.

Боиси ифтихор аст, ки хатмкардагони донишгоҳ дар зиёда аз 50 давлати дунё (Россия, ИМА, Канада, Олмон, Швейтсария, Италия, Англия, Белгия, Исроил, Австрия, Туркия, Яман, Африка, кишварҳои ИДМ ва ғайра) кору фаъолият карда, обрӯю нуфузи ватану миллати азизи моро афзун карда, донишгоҳ мавқеи байналмилалиро касб намудааст. Донишгоҳ тавонистааст, ки бо дастпарварони кордону тавонои худ баҳри солимии ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузорад.

Ҳоло дар донишгоҳ 5 факултет — факултети тиббӣ, педиатрӣ, стоматологӣ, фармасевтӣ, тиббӣ-профилактикӣ, Хадамоти ректор, 2 раёсат, 12 шуъба, 20 Шӯро, 11 марказ, 27 озмоишгоҳ ва 59 кафедра фаъолият мекунанд. Кафедраҳои донишгоҳ аз рӯи хусусияти таълимӣ ба 35 кафедраҳои клиникӣ, 16 кафедраҳои тиббӣ-назариявӣ ва 8 кафедраҳои умумӣ-таълимӣ ҷудо карда шудаанд.

Ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ 904 нафарро ташкил медиҳанд, ки 757 нафарашон омӯзгорони асосӣ ва 147 нафар омӯзгорони ҳамкор мебошанд. Аз 757 нафар омӯзгорони асосӣ 1 академик, 4 узви вобастаи Академияи илмҳо ва илмҳои тиб, докторони илм, профессорон 84 нафар ва номзадони илм, дотсентон 244 нафарро ташкил медиҳанд.

Теъдоди умумии муҳассилини донишгоҳ афзоиш ёфта, ҳоло 13012 нафар мебошанд.

Шумораи муҳассилини хориҷӣ дар МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” низ дар ҳоли афзоиш буда, дар донишгоҳ 1951 нафар муҳассилини хориҷӣ аз 19 давлати дунё таҳсил менамоянд (Канада, ИМА, Олмон, Латвия, Финландия, Бангладеш, Танзания, Малайзия, Португалия, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Арманистон, Озорбойҷон, Туркманистон, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон).

Таълиму тадриси донишҷӯён дар бинои таълимию маъмурии асосӣ, бинои кимиё, Маҷмааи нави таълимии шаҳраки Шифобахш, Маркази таълимӣ, илмӣ ва клиникии “Стоматология”, Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии “Фарматсия”, Маркази ташхисию табобатӣ, Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ, Озмоишгоҳи кишти селулаҳои бунёдӣ, Маҷмааи варзишӣ, Маркази миллии тиббии “Шифобахш”, Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ва 27 пойгоҳҳои клиникии беморхонаҳо ва марказҳои саломатии шаҳриву ҷумҳуриявӣ сурат мегирад.

Соли 2014 дар донишгоҳ Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ (МОМА) таъсис дода шудааст ва соли 2017 Маркази нави омӯзиши малакаҳои амалии бо технологияҳои муосири симулиятсионӣ ҷиҳозонидашуда, дар бинои аз нав сохташудаи таълимӣ, воқеъ дар шаҳраки “Шифобахш” ба фаъолият пардохт. Марказ аз 14 ҳуҷраҳои тахассусии таълимӣ иборат аст, ки онҳо бо фантомҳо, муляжҳо, симуляторҳои электронию компютерӣ, таҷҳизоту асбобҳои фаннию тиббии муосир барои омӯзиши малакаҳои амалӣ ва муоширатии касбӣ ҷиҳозонида шудаанд. Дар як соли таҳсил то 8000 нафар донишҷӯён, ординаторони клиникӣ, интернҳои клиникӣ, аспирантон ва омӯзгорони ҷавон дар МОМА малакаҳои амалию муоширати касбии худро сайқал медиҳанд.

Ҳамчунин, соли 2017 Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии “Фарматсия” таъсис дода шуд ва соли 2021 Маркази мазкур азнавсозӣ карда шуда, бо таҷҳизоти замонавии соҳаи фарматсия ҷиҳозонида шуда, Бахши истеҳсоли доруворӣ аз масолеҳи хоми ватанӣ ва гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон ба роҳ монда шуд. Дар донишгоҳ таҳсил бо се забон: давлатӣ (тоҷикӣ), русӣ, англисӣ ба роҳ монда шуда, донишҷӯён пурра бо китобҳои дарсӣ таъмин карда шудаанд. Фонди умумии китобхонаи донишгоҳ 693 ҳазору 668 нусхаро фаро мегирад.

Донишгоҳи тиббӣ бо навтарин таҷҳизоти техникии таълимӣ, озмоишӣ ва илмӣ таъмин мебошад. Аз ҷумла, дар ҷараёни таълим 2295 адад компютер, ноутбук, нетбук, планшет, 119 проектор, 579 принтер, 39 тахтаҳои электронии интерактивӣ истифода бурда мешаванд. Таносуби компютерҳо ба донишҷӯён 1:5 мебошад.

Донишгоҳ бо 151 муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва табобатии хориҷӣ ҳамкории судманд дорад. Дар доираи ҳамкориҳо тибқи барномаи мубодилаи академӣ донишҷӯёни донишгоҳ метавонанд дар давоми семестри таълимӣ дар донишгоҳҳои Италия, Олмон, Литва, Эстония, Россия, Белорусия, Украина, Қазоқистон, Ӯзбекистон таҳсил намоянд.

Донишгоҳ соли 2019 аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, аз 22-юми ноябри соли 2019 соҳиби 4 адад сертификати аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ (донишгоҳӣ), барномавии ихтисосҳои “Кори табобатӣ”, “Стоматология”, “Нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ” гардид. Дар таърихи соҳаи маорифи кишвар аввалин шуда, МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” аз аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ (донишгоҳӣ) гузашт.

Дар донишгоҳ ҷараёни таълим, баҳодиҳӣ ва натиҷагирии сифати таълим тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ, бо истифодаи васеи технологияи муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ба роҳ монда шудааст. Дар баргузории имтиҳонҳову санҷишҳо ва натиҷагирии онҳо шаффофият пурра таъмин аст. Баҳогузорӣ феълан дар назди донишҷӯ мустақиман, бе дахолати ғайр сурат гирифта, барои беҳтар гардидани сифати таҳсил ва ҷалби таваҷҷуҳи донишҷӯён ба китобхонию илмомӯзӣ нақши калидӣ мебозад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *