Донишгоҳи маршал Фахим дар ҳалқаи оташ

Душанбе, 29 январ, tajikistantimes: Гурӯҳе аз силоҳбадастон ба мактаби низомиён дар Кобул, пойтахти Афғонистон ҳамла оварданд ва ин лаҳзаҳо ҷанги шадиде идома дорад. Дар ин бора ба tajikistantimes аз шабакаи Tулуъ хабар доданд. .

Мақомоти расмии  Афғонистон ин хабарро тасдиқ мекунанд, ки субҳи рӯзи душанбе, гурӯҳи номаълум Донишгоҳи миллии мудофиаи ба номи маршал Фаҳимро мавриди ҳамла қарор доданд. Айни замон қувваҳои амнияти роҳи вуруд ба ин Донишгоҳро бастаанд.

Ду нафар сарбозон бар асари ин ҳамла ҳалок гардиданд ва даҳ тан маҷруҳ гаштанд.

Мувофиқи маълумоти расмӣ шумораи ҳамлаовардагон панҷ неафар буд. Се нафар ҳамлаовардагон аз байн бурда шуданд, як нафар фирор кард ва як нафари дигар ҳануз дастгир нашудааст ва тирпаронӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки 27 январ,  дар маҳаллаи Вазир Акбархон, ки аслан маҳали сафоратхонаҳост, бар асари ҳамлаи толибон  100 бар нафар ба ҳалокат расиданд ва 140 нафари дигар маҷруҳ гаштанд.

Атака на военную академию в Кабуле

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *