Донишгоҳи Маскав 81 донишҷӯро хориҷ намуд
Директори иҷроияи Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносови Федератсияи Русия Сайъло Мирзоев зимни гузоришаш дар бораи фаъолияти яксолаи ин муассисаи таълимӣ аз ҷумла иттилоъ дод, ки коллективи устодону омӯзгорон мутахассисонро аз рӯйи 3 самт тайёр мекарданд: — Идоракунии давлатӣ ва маҳал; муносибатҳои байналмилалӣ ва лингвистика. Дар соли таҳсили 2017-2018 бори авввал самти чорум «Реклама ва робита бо ҷомеа» ба барномаи таълимӣ ворид карда шуд, ки мутахассисони соҳаи реклама ва робита бо ҷомеаро барои бозори меҳнати Тоҷикистон тайёр мекунанд.
Тибқи иттилои С. Мирзоев то охири соли 2017 дар ин самтҳо 497 донишҷӯ ба тҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз ин теъдод 70 фоиз (348 нафар) тариқи буҷет машғули таҳсил мебошанд. Соли гузашта дар асоси имтиҳоноти иловагӣ ва озмуни марказонидашудаи дохилшавии Маркази миллии тестии назди Президенти ҷумҳурӣ ба филиал 129 донишҷӯ қабул гардид, ки аз он 94 нафар дар асоси буҷетӣ ва 53 нафар шартномавӣ ба шумор мераванд.
Ҳамзамон 81 донишҷӯ бинобар аз худ карда натавонистани барномаи таълимӣ аз донишгоҳ хориҷ карда шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ