Донишгоҳи техникии Тоҷикистон 60- сола шуд (аксҳо)
Ба таъсиси Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ 60 сол пур шуд.
Ба ин муносибат имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон намоиши дастовардҳои илмии устодону шогирдони ин боргоҳи илму маърифат ва ҷаласаи тантанавӣ барпо гашт. Дар ҷаласаи расмӣ вазирони нақлиёт, энергетика, муовинони вазири маориф ва илм, президенти Академияи илмҳо, ректорони донишгоҳу донишкадаҳои олии Тоҷикистон, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими кишвар, намояндагони донишгоҳҳои олии Белорус, Русия ва Қирғизистон, ки бо донишгоҳ робитаи ҳамкорӣ доранд, ҳузур варзиданд. Чанде аз собиқ хатмкундагони донишгоҳ, ки имрӯз дар сохторҳои мухталиф фаъолияти пурсамари роҳбарӣ доранд, суханронӣ намуда, тамоми коллективи устодони донишҷӯёни донишгоҳро ба ин санаи таърихӣ, яъне 60 солагии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон муборакбод намуданд.
(Низоми Осимӣ ва 60 ҳазор муҳандиси он http://tajikistantimes.com/?p=11584 )
Тафсилоти бештар дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ