Маоши баландтаринро дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мегиранд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он ректори ин муассисаи олӣ Ҳайдар Одиназода ширкат дошт.
Ректор дар мавриди дастовардҳои донишгоҳ батафсил ба хабарнигорон иттилоъ дода, ба саволҳои онҳо ҷавобҳои муфассал дод. Ҳамчунин, дар нишасти мазкур муовинони ректор низ иштирок намуда, ба саволҳо ҷавоб гуфтанд. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ бо 30 донишгоҳи соҳавии хориҷӣ ҳамкорӣ дорад ва аз ҳама бештару хубтар чунин ҳамкорӣ бо Донишгоҳи техникии Белорусия ба роҳ монда шудааст ва айни замон дар он ҷо зиёда аз 200 нафар донишҷӯёни тоҷик таҳсил доранд.
Ҳамчунин, аспирантҳои ин донишгоҳ дар Белорусия таҳсил мекунанд. Дар нишаст зикр карда шуд, ки устодони ин донишгоҳ дар ҷумҳурӣ яке аз баландтарин маошгирандагон ҳастанд ва ҳоло як унвондор дар як воҳиди корӣ то 3850 сомонӣ маош мегирад. “Мо барои ҷалби мутахассисони болаёқат маблағи калон медиҳем ва ин ба хотири баланд бардоштани сатҳи донишу касбияти донишҷӯён аст” — изҳор намуд Ҳ. Одиназода.
Тавре ки дар нишаст кайд гардид, тамоми аудиторияҳои таълимӣ бо воситаҳои техникӣ таъмин буда, дар онҳо камераҳои назоратӣ насб карда шудаанд ва рафти таълим ҳамеша зери назорати раёсати донишгоҳ мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ