Донишгоҳи тиббӣ соҳиби 3 медали тилло гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино айни замон ҳудуди 1400 донишҷӯи хориҷӣ таҳсил мекунанд, ки шартномаи таҳсили яксолаи онҳо 35 000 сомониро ташкил медиҳад. Ин нуктаро ректори ин таълимгоҳ Маҳмадшоҳ Гулзода дар нишасти матбуотӣ, ки 29-ум январ баргузор гардид, ҷавоб гуфт.
Тибқи иттилои ректор, соли 2018 се нафар бонувони ихтироъкори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон барои ихтироъ дар соҳаи тиб сазовори медалҳои тилло ва нуқра гардиданд.
Ба гуфтаи номбурда, ин се нафар бону дар 11-умин намоишгоҳ ва Форуми занҳои ихтироъкори ҷаҳон дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ иштирок намуда, обрӯи Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд бардоштанд.
“Дар Форум номзади илмҳои тиб, мудири кафедраи физиологияи нормалӣ Фариза Ҳалимова барои ихтирои “Тарзи пешгӯии вайроншавии саломатии репродуктивӣ” соҳиби 2 медали тилло ва 5 сертификат барои ихтироот дар соҳаи тиб аз ҷониби Ассотсиатсияи ихтироъкорони давлатҳои Гурҷистон, Германия, Македония ва Индонезияву Таиланд гардид. Аспиранти кафедраи кимиёи фармасевтӣ ва заҳршиносӣ Мижгона Шуҳратзода барои ихтирои “Метрарги фаъолияти зиддимикробии зоҳиркунанда” соҳиби медали тилло ва аспиранти кафедраи ҷарроҳии умумии №1 Шабнам Муродова барои ихтирои “Тарзи ташхиси лапароскопии дараҷаи долихосигма” соҳиби медали нуқра гардиданд”,-гуфт ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон М. Гулзода.
Ба иттилои мавсуф, инчунин соли 2018 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои корҳои эҷодӣ ва ихтироъкорӣ дар соҳаи тиб бо ҷоизаи махсус — Ҷом ва шоҳҷоизаи озмуни KIWA сарфароз гардида, медали тилло ба даст овард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ