Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

Ҷавонон чун анъана пас аз хатми мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва соҳиб шудан ба номаи камол рӯй ба макотиби олӣ меоваранд, то асосҳои касбу ҳунареро аз худ намоянд. Кайҳо исбот гардида, ки дониш барои ҳар як инсон беҳтарин дороиву ганҷина аст ва мавқеи ҷамъиятии шахс, мақому мартабаи ӯ аз бисёр ҷиҳат маҳз ба сатҳи дониш ва маърифати ӯ иртиботманд мебошад.

Дар интихоби пешаи ояндаи хеш ҳар ҷавон соҳибихтиёр аст ва аз ин лиҳоз, бигзор бо амри дилу дар заминаи имкону шавқу завқи хеш рафтор намояд. Ҳама касбу ҳунарҳо дар ҷомеа мақому зарурати худро доранд, манфиатбахшанд. Метавон гуфт, ки дар замони муосир донистани забонҳои хориҷӣ аз ҳар ҷиҳат судманд мебошад.

Донишкадаи мо фаъолияти беш аз 42-сола дорад. Ҳоло маърифатгоҳи мо ҳам аз лиҳози сатҳи таълиму тарбия, ҳам аз ҷиҳати таъмин будан бо устодони варзида ва ҳам аз нигоҳи фарогирӣ бо таҷҳизоти муосир дар радифи беҳтарин муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ қарор дорад.

Донишкада дорои 5 факултет аст: филологияи тоҷик, филологияи рус, забони англисӣ, забонҳои Осиё, забонҳои Аврупо. Ҳамчунин, дар донишкада шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ амал менамояд. Дар заминаи ин факултетҳо мувофиқ ба 31 ихтисос мутахассис тайёр карда мешавад. Дар донишкада 16 кафедра фаъолият доранд. Дар шуъбаҳои донишкада (рӯзона ва фосилавӣ) наздик ба 5 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунанд. Ҷиҳати таҳсили босамари муҳассилин дарсгоҳу толорҳои компютерӣ, марказҳои омӯзиши амиқи фанҳо, китобхонаи дорои хазинаи бузург, китобхонаи электронӣ ва даҳҳо василаҳои дигар мадад хоҳанд расонд.

АФЗАЛИЯТҲОИ ДОНИШКАДА:

1.  Панҷоҳу ҳашт синфхонаи мултимедӣ, силсилаи синфхонаҳои лингофонӣ ва шумораи зиёди воситаҳои техникии муосир барои раванди таълим.

2.  Хобгоҳи замонавӣ бо беҳтарин шароити зиндагонӣ.

3.  Омӯзиши 11 забони хориҷӣ бо осонтарин усулҳои таълимӣ.

4.  Фаъолияти ботаҷрибатарин омӯзгорони забондон аз дохил ва хориҷи мамлакат.

5.  Равобити ҳамкорӣ бо 50 муассисаи олии бурунмарзӣ дар ҷабҳаҳои мухталифи таълимӣ.

6. Шонздаҳ маҳфили илмӣ ва фаннии доимоамалкунанда таҳти роҳбарии маъруфтарин устодони ҷумҳурӣ.

 7. Курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забонҳои хориҷӣ бо дастрастарин маблағ барои донишҷӯён.

 8. Интишори нашрияи “Паёми донишҷӯ” бо фарогирии навгониҳои соҳаи маорифи ҷумҳурӣ ва ҷаҳон, ҳамчунин, мубаллиғи истеъдодҳои ҷавон.

9. Нашри маҷаллаи «Машъалафрӯз» барои тарҷумонҳои ҷавон ва беҳтарин мактаби тарҷумонӣ ҷиҳати омӯзиши забон.

10. Мавҷудияти матбуоти даврӣ барои сайқали дониш ва такмили истеъдоди эҷодии донишҷӯён.

11. Баргузории мунтазами озмунҳои шавқовари иртиботманд бо омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар дохил ва хориҷи донишкада.

12.  Синфхонаҳои компютерии пайваст бо интернети баландсуръат барои истифодаи бемамониати донишҷӯён.

13. Китобхонаи шукуҳманд бо фарогирии китобҳои тозанашр ва хизматрасонии муосир.

14. Пешниҳоди китобхонаи электронӣ дар толорҳои барҳаво бо ҷадидтарин таҷҳизоти техникӣ.

15. Муколамаи ҳатмӣ бо забонҳои хориҷӣ дар факултетҳои забономӯзӣ ҷиҳати такмили забондонӣ.

16. Омӯзиши дӯзандагию қаннодӣ ва дигар касбу ҳунарҳо барои донишҷӯёни болаёқат.

17. Ташкили саёҳати гуруҳӣ ба манотиқи таърихӣ ва истироҳатӣ фориғ аз вақтҳои дарсӣ.

18. Мавҷуд будани Маркази забони русӣ бо фарогирии китобҳои илмиву бадеӣ ва таҷҳизоти муосири забономӯзӣ.

19.  Фаъолияти Маркази рушди забони англисӣ бо фарогирии шумораи зиёди маводи мухталифи таълимӣ.

20.  Ба фаъолият шуруъ намудани маркази тестии Exam preparation Center “Cambridge” ҷиҳати дар сатҳи байналмилалӣ омода намудани мутахассисони забони англисӣ.

21. Ширкат дар ҳамоишҳои фарҳангӣ ва ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ баҳри вусъати ҷаҳонбинӣ ва хештаншиносӣ.

22. Идомаи таҳсили донишҷӯён дар донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ.

Марҳамат ба Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *