Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон — маркази омодасозии мутахассисони шоиста
Бо шарофати сиёсати бузурги иҷтимоиву иқтисодии Пешвои муаззами миллат дар солҳои соҳибистиқлолии Ватан, бахусус дар 10-15 соли охир, дар қаламрави кишвар иқтидорҳои энергетикии мамлакат босуръат афзуда истода, дар миқёси минтақаву ҷаҳон обрӯву эътибори Тоҷикистон ҳамчун давлати саноатии содиркунадаи нерӯи барқ ба маротиб баланд гашта истодааст.
Воқеан, агар то соли 1929 тавоноии умумии нерӯгоҳҳои Тоҷикистон ҳамагӣ 690 кВт-ро ташкил медода бошад, пас ин рақам айни ҳол зиёда аз 5000 МВт-ро ташкил дода, 7,7 ҳазор бор зиёдтар шудааст.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо инобати рушди беназири соҳаи энергетикаи кишвар, 15 сол пештар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон таъсис дода шуда буд. Аҳли кормандони он барои амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Президенти маҳбубамон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати омодасозии мутахассисони болаёқат барои бахшҳои энергетика ва соҳаҳои дигари хоҷагии халқи мамлакат содиқонаву софдилона саҳм мегузоранд. Барои мо зарур аст, ки дар ояндаи наздик хатмкунандагони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар раванди азхудкунии захираҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, ки зиёда аз 40 ҳазор МВт ва имконпазирии энергетикии онҳо ба 527 млрд кВт/соат баробар аст, саҳми шоистае дошта бошанд.
Аз оғози фаъолияти худ то айни ҳол Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон бештар аз 3240 мутахассисони болаёқати соҳаи барқро таълиму тарбия додааст, ки дар корхонаву муассисаҳои кишвар ва хориҷи он муваффақона меҳнат карда истодаанд ва ин боиси ифтихору сарфарозии коллективи меҳнатии донишкадаи мост. Имрӯз хатмкунандагони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар корхонаҳои хурду бузург, аз ҷумла бузургтарин иншооти энергетикии Тоҷикистон — НБО “Роғун”, “Норак”, “Сангтӯда-1”, “Сангтӯда-2” ва “Сарбанд”-у “Бойғозӣ” бо сари баланд дониши техникии худро амалӣ месозанд ва аксарияти онҳо ба бовариву эҳтироми аҳли меҳнати ин коргоҳҳо сазовор гаштаанд.
Бо
кумаку дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва роҳбарияти Вазорати энергетика ва
захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии
Тоҷикистон донишкадаи мо ба маркази аз ҷиҳати илмӣ омодасозии омӯзгорони ҷавон
табдил гардидааст. Дар донишкада барои таълиму тарбияи мутахассисони соҳаи барқ
зиёда аз 140 нафар омӯзгорони варзида, аз ҷумла номзадҳо ва докторони илм ба
меҳнати софдилонаву самаранок машғуланд.
Яке аз рӯйдодҳои муҳим дар қатори дастовардҳои
Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, ба узвияти Ассотсиятсияи донишгоҳҳои техникӣ
қабул гардидани донишкада мебошад, ки аз обрӯву эътибори Донишкадаи энергетикии
Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ
шаҳодат медиҳад.
Донишкада дар низоми Маркази миллии тестӣ таҳти №202 мавқеъ дорад.
Хоҳишмандем, ҳангоми интихоби таълимгоҳҳои олӣ Донишкадаи энергетикии Тоҷикистонро дар ҷойи аввал гузоред!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ