Донишкадаи идоракунии давлатӣ мекӯчад
Дар соли 2017 18 нафар кормандони донишкада аз вазифаашон озод шуданд, зикр намуд Абдухолиқзода Лутфия ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ.
Донишкадаи мазкур бо фармони Президенти кишвар чор соли пеш таъсис дода шуда, имсол аввалин хатмкунандаҳояшро гусел кард.
Абдухолиқзода Лутфия дар ҷавоб ба саволи рузноманигорон қайд намуд, ки дар донишкада наздики 1000 нафар( бакалавр) таҳсил доранд, ва нақшаи қабули донишҷӯён дар ин намуди таҳсил зиёд нахоҳад шуд. “Мо ба сифат ниёз дорем на ба шумора”
Бо дастгирии Бунёди Ханнас Зайдел имкони зиёд намудани шумури магистратура вуҷуд дорад. Ин ба дархости идораву корхонаҳо вобастагӣ дорад.
Донишкада ният дорад, ки соли нави таҳсилро дар бинои нав шуруъ кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ