Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Имрӯз Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент дар қатори бонуфузтарин муассисаҳои олии кишвар меистад. Устодону шогирдони донишкада мекӯшанд зери сиёсати маорифпарваронаи Садри муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон чораҳои пешбаранда андешанд ва ҳадафҳои созандаву ояндадорро татбиқ намоянд.

ФАКУЛТЕТИ МЕНЕҶМЕНТ

Факултети менеҷмент яке аз аввалин факултетҳои донишкада мебошад. Дар факултет аз соли 2007 аз рӯи 5 ихтисос: менеҷменти соҳаи маориф, баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит, менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ, саёҳат ва меҳмондорӣ, география, асосҳои иқтисодӣ таълим дода мешавад. Таълим дар шакли рӯзона, ғоибона ва фосилавӣ ба роҳ монда шудааст. Дар факултет кафедраи назарияи иқтисодӣ ва идоракунӣ амал мекунад, ки дар он 11 нафар устодон, аз он ҷумла 3 номзади илмҳои иқтисодӣ, 5 унвонҷӯ фаъолият менамоянд.

ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯ

Факултаи филологияи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент аз соли 2001 таъсис ёфтааст. Факултет аввал чун кафедраи ҷамъиятӣ, кафедраи гуманитарӣ, сипас факултети омӯзгорӣ, факултети забонҳо ва аз соли 2007 чун факултаи филология фаъолият менамояд. Дар факулта аз рӯи 5 ихтисос 280 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд. Дастпарварони факулта боиси ифтихор мебошанд. Дар факулта роҷеъ ба омӯзиши забои ва ба риоя ва иҷроиши Қонун дар бораи забон аҳамияти ҷиддӣ дода шудааст. Дар факулта 5 нафар номзади илмҳои филологӣ, 3 нафар унвонҷӯ кор мекунанд.

ФАКУЛТЕТИ ТАЪРИХ

Факултети таърих дар заминаи факултети ҳуқуқшиносӣ соли 1991 ташкил ёфта буд ва соли 2004 ба факултети таърих табдили ном намуд. Дар соли таҳсили 2006-2007 дар назди факултет ду кафедра фаъолият менамуд.

Соли 2012 дар назди факултет кафедраи нав — таърих, бостоншиносӣ ва мероси ниёгон таъсис дода шуд.

Ихтисоси мазкур соли 2012 бо дастгирии Раёсати донишкада дар базаи ёдгориҳои таърихии Саразм ва Панҷакенти қадим ташкил карда шудааст. Ихтисоси таъриху бостоншиносӣ дар заминаи кафедраи “Таърих, бостоншиносӣ ва мероси ниёгон” фаъолият менамояд. Роҳбарии кафедраро доктори илмҳои таърих, профессор Ш. Воҳидов ба зимма дорад.

Донишҷӯёни ин ихтисос таҷрибаомӯзии худро дар ёдгориҳои Санҷаршоҳ, Панҷакенти қадим, Саразм, Мустафотеппа, Қалъаи Ҳисорак ва ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ мегузаронанд. Ҳамзамон хатмкардагони ин ихтисос дар Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Пойгоҳхои бостоншиносӣ, Эрмитажи Санкт Петербург ва ғайра фаъолият менамоянд.

Дар факулта як нафар доктори илм, 7 нафар номзади илм, 12 нафар омӯзгорони соҳиби дараҷаи академикии магистр ба донишҷӯён таълим медиҳанд.

ФАКУЛТЕТИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ

Факултети табиатшиносӣ ва тарбияи ҷисмонӣ яке аз факултетҳои калонтарини донишкада ба шумор рафта, 44 нафар фаъолияти илмӣ бурда истодаанд, ки аз онҳо 3 нафар профессор, 1 нафар номзади илм, 4 нафар дотсент, 3 нафар унвонҷӯ, 21 нафар устоди калон, 4 нафар магистр, 3 нафар докторант, 3 нафар методист, 2 нафар лаборант мебошанд.

ФАКУЛТЕТИ МАТЕМАТИКА-ИНФОРМАТИКА

Фаъолияти факултети математика-информатика асосан аз соли 2000-ум оғоз гардидааст. Дар факултети математика-информатика чор ихтисос амал мекунад:

— математика-информатика;

— физика-информатика;

— технология ва эҷодиёти техникӣ;

— физика ва эҷодиёти касбӣ.

Дар назди факултет маҳфили “Математикони ҷавон” ва “Физикони ҷавон” амал менамояд, ки роҳбарии он бар зиммаи устодон Саидов Ғайрат ва Моҳрӯи Абдулаҳад вогузор карда шудааст.

ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ

Дар донишкада факултети забонҳои хориҷӣ амал мекунад, ки 370 нафар донишҷӯ дошта, ба онҳо 40 нафар устодони лаёқатманд, ду унвондор аз дохил ва 3 нафар унвондор аз хориҷи кишвар таълим медиҳанд.

ФАКУЛТЕТИ ҒОИБОНА ВА ФОСИЛАВӢ

Таҳсилоти ғоибона-фосилавӣ яке аз намудҳои паҳнгаштаи таълим ба шумор меравад. Дар сохтори факултет низоми таҳсилоти фосилавӣ фаъолият менамояд, ки мудири бахши он Зиёвиддинзода Зулолиддин мебошад.

Ба таълими ғоибона хатмкардагони муассисаҳои ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва мутахассисони дорои маълумоти олӣ барои гирифтани ихтисоси дигар қабул карда мешаванд.

Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент таҳсили ғоибона-фосилавӣ фаъолият менамояд, ки он дар соли 2012 ҳамчун факултети алоҳида ташкил карда шуд. Дар ин факултет зиёда аз 1770 донишҷӯ аз минтақаҳои гуногуни кишвар ва берун аз он таҳсил менамоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *