Донишкадаи политехникии Хуҷанд бо Чин ҳамкориро ба роҳ монд
Байни Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ва Донишгоҳи технологии Шэнсӣ дар Чин ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
“Муҳтавои ёддошти тафоҳуми болозикр ҳамкорӣ дар самтҳои таҳқиқоти муштарак, лексияҳо, симпозиумҳо, семинарҳо ва конфронсҳо, табодули олимон ва муҳаққиқон, табодули донишҷӯён, нашри мақолаҳои илмӣ, дастрасӣ ба иттилои нав дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳро дар бар мегирад”,-гуфт дар суҳбат ба хабарнигори Pressa.tj Шаҳриёр Саъдуллозода, директори донишкада.
Ҳамчунин, ӯ гуфт, ки санади мазкур ба густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои илму маориф дар ин ду муассисаи олӣ такон мебахшад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ