Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат-ҳамқадами Истиқлолият

Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин падида ва самараи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, ҳанӯз соли 1991 баҳри рушду эҳёи касбу пешаҳои мардумӣ, ривоҷу равнақи соҳибкорӣ ва иқтисодиёти мамлакат арзи ҳастӣ карда, ба фаъолият шуруъ намуд.

Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат тӯли 25 соли мавҷудияти худ ба макони маъвои касбу илму ҳунар ва ҷалби соҳибкорон, иқтисодчиён ва сайёҳони ватанӣ ва бурунмарзӣ гардида, баҳри пешрафти иқтисодиёт ва соҳибкорӣ, фарҳанги кишвари азизамон саҳми арзанда гузошта истодааст.

Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат яке аз нахустин муассисаи тахсилоти олии касбиест, ки ба тарзу усули навини таълими низоми иттилоотӣ гузашта, сониян, тариқи тестӣ санҷидани донишу маҳорати донишҷӯёнро ҷорӣ намуд, ки ин самара ва натиҷаҳои баландро дар таълими низоми кредитӣ ба бор овард.

Ташрифи расмии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар арафаи соли таҳсили 1996-1997 ва суханони пурмуҳтавоашон  ки: «Донишкадаи шумо ҷавон ва фарзанди истиқлолияти Тоҷикистон аст» ба ҳайати кормандону донишҷӯёни ин мактаби олии касбӣ рӯҳу илҳоми тоза бахшид. Маслиҳат ва нишондодҳои Сарвари давлат ва ҳомии миллат дар солҳои минбаъдаи фаъолияти донишкада дастури амалии ҳар як корманди ин мактаби олӣ гардид.

Дар тӯли 25 сол донишкада вусъат ёфта, зина ба зина боло рафта, дар байни дигар макотиби олии ҷумҳурӣ яке аз ҷойҳои намоёнро касб намуд. Ин айём дар ин муассисаи таълимӣ 309  нафар корманд, аз ҷумла 150 нафар корманди илмӣ-педагогӣ кору фаъолият доранд, ки аз ин рақам 8 нафар профессор, докторони илм, 53 нафар номзад-досентонро ташкил медиҳанд.

Сол ба сол заминаи моддӣ-техникии донишкада таҳким ёфта, дар самти фаъолияти таълимӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, бунёдкорию созандагӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст.

Бинои таълимӣ ва литсейи донишкада

 Донишкада дорои 4 бинои таълимӣ мебошад, ки дар онҳо донишҷӯён ва хонандагони литсейи донишкада ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар биноҳои таълимии донишкада 5 факултет, 1 китобхонаи илмӣ, 2 китобхонаи электронӣ, 4 толори маҷлис, 2 майдончаи варзишӣ, бунгоҳи тиббӣ, маркази дандонпизишкӣ, 2 парки технологӣ —  “Сехи заргарӣ” ва “Кулолгарӣ”, 98 синфхона (аз он ҷумла 23 кабинети фаннӣ), 10 лабораторияи таълимӣ, чопхона ва ошхона ҷойгир карда шудаанд.

Ҳамасола бо зарурати истеҳсолӣ ва самаранок ба роҳ мондани раванди таълим утоқҳои корӣ, долон ва синфхонаҳои биноҳои таълимии донишкада аз таъмири ҷорӣ ва капиталӣ бароварда мешаванд.

Технологияи муосир дар донишкада

 Бо мақсади омодасозии кадрҳои баландихтисос, хубтар ба роҳ мондани раванди таълим ва ҷиҳати таъмини сифати таҳсилот кабинетҳои фаннӣ, лингофонӣ ва лабораторияҳои компютерии донишкада бо таҷҳизот ва технологияҳои муосир ҷиҳозонида шудаанд. Айни замон дар синфхонаҳои компютерӣ, утоқҳои корӣ ва сохторҳои таркибии донишкада 555 адад компютер насб карда шудааст, ки 469 адади он ба шабакаи интернет пайваст мебошад. Ҷараёни таълими донишкада тибқи барномаҳои таҳсилоти бисёрзинагӣ ба низоми кредитии таҳсилот гузаронида шуда, дар раванди он пайваста технологияҳои муосир татбиқ карда мешаванд. Сохторҳои таркибии донишкада бо проекторҳо, принтерҳо, дастгоҳҳои нусхабардорӣ, сканерҳо, доскаҳои интерактивӣ, экранҳо камераҳои назоратӣ, дастгоҳҳои лингафонӣ, таҷҳизот барои Интернет ва ғайраҳо таъмин карда шудаанд.

  Қабули санҷишу имтиҳонот дар донишкада пурра тариқи системаи электронӣ ба роҳ монда шудааст, ки ба баҳогузории дониши воқеии донишҷӯён мусоидат менамояд.

Мутахассисони соҳавӣ

Айни замон дар сохтори донишкада 5 факултет арзи вуҷуд менамояд, ки дар онҳо мутахассисон аз рӯи 23 ихтисос дар зинаи бакалавриат, 8 ихтисос дар зинаи магистратура, 3 ихтисос дар зинаи PhD, 5 ихтисос дар зинаи аспирантура омода карда мешаванд. Мутахассисони мазкур аз рӯи ихтисосҳое омода карда мешаванд, ки ҷавобгӯ ба тақозои бозори меҳнат ва талаботи замон мебошанд.

Имрӯз Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат мутахассисонро барои  соҳаҳои  гуногуни фаъолияти соҳибкорӣ, саноат, хизматрасонӣ, сайёҳат ва меҳмондорӣ, идоракунии давлатӣ, технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт, молия ва қарз, кори бонкӣ ва ғайраҳо тайёр намуда, ба яке аз муассисаҳои таълимии олии бисёрсоҳаи пешбар табдил ёфтааст.

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Донишкада соҳаҳои соҳибкорӣ, хизматрасонӣ, туризм ва меҳмонпазироӣ мебошад. Донишҷӯёни ин бахшҳо дар сафарҳои ҳамасолаи туристӣ, дар мусобиқаҳо, озмунҳо, таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд. Натиҷаи ин комёбиҳост, ки ду маротиба  (солҳои 2010 ва 2016) Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ муҳтарам Толиб Рифоӣ ба донишкада ташриф оварда, ба мутахассисон ва донишҷӯёни ин касби наҷиб ва барои Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр муҳим шавқу завқ ва руҳбаландии беандоза бахшид.

Донишкада бо мақсади омодасозии кадрҳои баландихтисос ва пурзӯр намудани самаранокии робитаҳои берунӣ ва густариши ҳамкориҳо  бо бештар аз 50 ташкилоту созмон, ширкат ва муассисаҳои илмиву таълимии ҷумҳурӣ ва хориҷӣ қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расонида, фаъолияти ҳаматарафаро дар самтҳои мухталиф ба роҳ мондааст. Робитаи қавӣ ва пайвастаи донишкада бо хориҷи мамлакат дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардида, сол то сол афзуда истодааст. Алҳол Донишкада дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардида, ҳамчун:

  • lонишкадаи такягоҳии Донишгоҳи Созмони ҳамкориҳои Шанхай (УШОС) аз рӯи самти технологияҳои иттилоотӣ;
  • узви Академияи байналмилалии илмҳои мактабҳои олӣ;
  • шарики барномаҳои Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ;
  • шарики барномаҳои Иттиҳоди Аврупо – Эразмус +;
  • узви Ассотсиатсияи байналмилалии донишгоҳҳо – TARENA ва ғ пазируфта шудааст.

Дар самти сиёсати кадрӣ ва омода кардани кормандони илмӣ-педагогӣ барои соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ донишкада саҳми арзанда дорад.

Ҷойҳои корӣ ва ҷалби ҷавонони лаёқатманду соҳибтаҷриба ба донишкада

Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ҳамасола бо дарёфти имкониятҳову захираҳо ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Аз ҷониби раёсати донишкада барои ҷалби ҷавонони лаёқатманду соҳибтаҷриба чораҳои судманд андешида шуда, шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда мешавад. Тӯли фаъолияти донишкада беш аз 50 нафар ҷавонон-хатмкардагони лаёқатманди омоданамудаи донишкада ба кор таъмин карда шудаанд.

Саҳми донишкада дар пешрафти иқтисодиёт

Донишкада то ба имрӯз барои пешбурди иқтисодиёти миллӣ беш аз 8000 нафар мутахассиси баландихтисосро тайёр намудааст.

Раёсати донишкада пайваста кӯшиш менамояд, ки ҷиҳати амалисозии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат саҳми босазои худро гузорад. Бо мақсади мусоидат ба рушди соҳибкорӣ, хизматрасонӣ, саноат ва дигар соҳаҳои мубрами иқтисодиёти миллӣ бо истифода аз иқтидори бойи илмии олимони донишкада ҳамасола таклифу пешниҳодоти мушаххас бо роҳи баргузории конфронсҳо, ҳамоишҳо ва семинарҳои илмӣ ба мақомоти дахлдори давлатӣ манзур карда мешаванд.

Донишкада дар се соли охир ду лоиҳаи ҷумҳуриявӣ «Роҳҳо ва усулҳои такмили тайёр кардани мутахассисони соҳаи туризм» ва «Зарурати баландбардории маърифати молиявии аҳолӣ (аз толибилм то ба хизматчии давлатӣ)»-ро, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ гардида буд, бомуваффақият ҷамъбаст намуда, ба мақомоти дахлдор ҳисобот пешниҳод намуд. Дар чорчӯбаи лоиҳаҳои мазкур 29 номгуй китобу дастури таълимӣ ва беш аз 200 мақола нашр карда шуд.

Инчунин, дар доираи барномаҳои Иттиҳоди Аврупо – Темпус «Ҳучҷатгузорӣ барои таъмини сифати  барномаҳои таълимӣ» (Documentation for quality assurance of study programmers) , «Ташаббуси таҳсилоти олӣ дар соҳаи информатика дар Осиёи Марказӣ (HEICA — Higher Education Initiative for Informatics in Central Asia)», «Коркард ва ҷорӣ намудани тарбияи рушди устувори соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», “Муҳандисии компютерӣ”, «Рушд ва такмили мудирияти донишгоҳ доир ба масоили робитаҳои байналмилалӣ«(«Development and improvement of the University Administration on International Affairs»), ки донишкада ба ҳайси шарик пазируфта шудааст, таҷрибаи шарикони лоиҳаҳоро аз кишварҳои гуногуни дунё доир ба масоили мухталифи дар боло зикргардида омӯхта, сатҳу сифат ва самти робитаҳои хориҷии донишкадаро вобаста ба меъёрҳои байналмилалӣ густариш дод. Дар чорчӯбаи лоиҳаҳои мазкур омӯзгорони донишкада ба Испания, Италия, Олмон, ИМА, Федератсияи Россия, Эрон, Туркия, Озорбойҷон, Эстония, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва мамлакатҳои дигар сафари хизматӣ анҷом дода, такмили касб намуданд. Инчунин дар такмили роҳу воситаҳои ҳамкорӣ бо марказҳои илмӣ-тадқиқотии ватанию хориҷии шарикони лоиҳа ҳиссагузорӣ намуданд. Саҳми мутахассисони мазкур дар таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ барои пешрафти иқтисодиёти миллӣ ва паҳнгардонии таҷрибаи пешқадами хориҷӣ назаррас мебошад.

Ҳамин тавр, раёсати донишкада тасмим гирифтааст, ки дар солҳои минбаъда низ баҳри баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат ва гул-гулшукуфии кишвари азизамон саҳми арзандаи хешро гузорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *