Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат соҳиби Маркази рушди касбият шуд

Санаи 24 марти соли равон дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ чорабиниҳои оммавии идона доир гардид. Субҳи барвақт саҳну толорҳои донишкада қабои идона ба бар дошт.

Саҳну долон ва роҳравҳои донишкадаро хони наврӯзии оростаи донишҷӯён ва хонандагони литсейи донишкада, инчунин шиору лавҳаҳо зебу зиннати хоса мебахшид.

Ибтидои тантанаҳо аз тамошои хони наврӯзӣ ва гулгаштҳои донишкада шуруъ гардид. Тантанаҳои наврузиро ректори донишкада, профессор Қодирзода Диловар Баҳридин ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай самимона муборакбод намуд. Номбурда ёдрас намуд, ки Наврӯз нишонаи олии хубию покӣ, дӯстию ҳамдилӣ ва иди сафову эҳёи табиат аст. Бо шарофати истиқлолияти миллӣ мардуми тоҷик имкони васеи  рӯ овардан ба эҳёи анъанаву суннатхои миллиро пайдо кард, ки таҷлил аз ҷашни пуршукуҳи Наврӯз аз зумраи онҳо мебошад.

Дар идомаи суханронӣ ректори донишкада аз ифтитоҳи иншооти барои раванди таълиму тарбия муҳим-«Маркази рушди касбият» дар донишкада хотирнишон сохт.

Дар расми ботанатани ифтитоҳи ин иншоот меҳмонон аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон –муовини вазир Рӯзизода  Акрам Ҳамроқул ва Витсе-президенти Корпоратсияи «Хуаксин Семент», хонум Лю Юнся иштирок ва суханронӣ намуданд. Ёдрас мешавем, ки «Маркази рушди касбият»-и донишкада бо кӯмаки молиявии Фонди Хуаксин «Ман Тоҷикистонро дӯст медорам»-и ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент» ҷиҳозонида шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *