Донистани забонҳои хориҷӣ барои судяҳо ҳатмӣ шуд

Аз ин баъд нафароне, ки мехоҳанд ба ҳайси судя кор кунанд, бар иловаи забони давлатӣ (тоҷикӣ) бояд чанд забони хориҷиро ҳам донанд. Ин дар сатҳи қонунгузорӣ ҳатмӣ шуд. 

Дар асоси тағйиру иловаҳое, ки ба Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ворид гардид, ҳамакнун барои номзадҳо ба вазифаи судя донистани забони давлатӣ ва хориҷӣ ҳатмӣ аст.

Дар қонунгузорӣ гуфта нашудааст, ки зери мафҳуми забони хориҷӣ кадом забонҳо дар назаранд ва додрасҳо чанд забони хориҷиро бояд донанд. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *