Допингҷанҷол: «Алами Мӯсоро аз Исо гирифтанд»
Ё хакерҳои Русия қасд мегиранд?
Дӯстдорони варзиш аз ҷанҷолу хархашаи Созмони байналмилалии зиддидопингии ВАДА (WADA) нисбат ба 67 варзишгари сабуки Русия, ки бо ҷурми истифодаи маводи мамнуи мелдоний ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейрои Бразилия-2016 роҳ дода нашуданд, ҳоло фаромӯш накардаанд.
Аммо як ҳафта аст, ки дар атрофии он ҷанҷолу ҳангомаи тоза сар зад. Гурӯҳи хакерии Fancy Bears ғайричашмдошт базаи WADA-ро рахна зада, рӯйхати аввалин 25 варзишгари 8 кишвари иштирокчии Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии Рио-2016-ро ошкоро ба табъ расондааст, ки гӯё WADA ба онҳо истифодаи маводи мамнуъи допинги нерубахшро иҷозат дода будааст. Ба рӯйхат 14 ҷоизадори медалҳои Олимпиадаи Рио-2016 аз ИМА, Британияи Кабир ва дигар мамолики Ғарб ворид карда шуданд.
Теннисбозони амрикоӣ Серена ва Винус Уилямсҳо, гимнастбону Симона Байлз, баскетболбоз Елена Делле Донн барои истифодаи маводи мамнӯи допингӣ фош шуда бошанд ҳам, ба мусобиқоти Рио роҳ дода шуданд. Ташхисгарон дар хуни онҳо маводи мухаддирро ошкор карданд. Яъне, чанд медали тиллоро ба хазинаи мунтахаби ИМА нашъамандони ашаддӣ оварданд!..
Алоқамандони гиромӣ! Идомаи мақолаи мазкурро дар шумораи навбатии ҳафтавори «Тоҷикистон» хонда метавонед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ