Дорандаи чор ихтисос ва донандаи чор забон. Хайринисо Юсуфӣ зодрӯз дорад

Имрӯз, 30-юми март Хайринисо Юсуфӣ, муовини раиси ҲХДТ ва яке аз сиёсатмадороне, ки чор ихтисосро хатм кардааст (ихтисоси байтор, ҳуқуқшинос, филолог ва менеҷер) ба синни 58-солагӣ расид.

Хайринисо Юсуфӣ 30-юми марти соли 1964 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд, Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Соли 1986 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, соли 1996 Донишгоҳи озоди Тоҷикистон, соли 2003 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва соли 2005 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисосҳои байтор, ҳуқуқшинос, филолог ва менеҷер дар соҳаи идоракунии давлатӣ бо дипломҳои аъло хатм кардааст.

28 сол собиқаи кории касбӣ дошта, дар мансабҳои котиби аввали комитети комсомоли шаҳри Панҷакент, раиси Шӯрои Созмони ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, муовини раиси шаҳри Панҷакент ва муовини раиси вилояти Суғд фаъолият намудааст.

Солҳои 2004-2008 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2008-2010 раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Аз моҳи марти соли 2010 то имрӯз раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи сиҳатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҳамзамон, мансаби муовини раиси Комиссияи байнипарлумонӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россияро ба уҳда дорад.

1-уми марти соли 2015 ҳамчун вакил ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Дорандаи ордени “Шараф дараҷаи 1”, Аълочии маориф, Аълочии фарҳанг ва медали ҷашнии “20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад. Моҳи марти соли гузашта ордени “Содружество” (Иттиҳод)-и Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди давлатҳои мустақилро соҳиб гардид.

Бо забонҳои русӣ, англисӣ, туркӣ ва ӯзбекӣ озодона ҳарф мезанад.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *