Доругар ҳаст, ку доруфурӯш?

Ба таваҷҷуҳи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода

Ба рушди истеҳсоли доруворӣ кӣ ҳавасманд нест?

Зимни суханронии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарият ва кормандони соҳаи тандурустӣ (21 май)  аз он нигаронӣ шуд, ки “табиати Тоҷикистон тамоми намуди гиёҳҳои шифобахш ва барои саноати дорусозӣ заруриро ба мо ройгон додааст, вале то ҳол мо корхонаҳои дорусозие надорем, ки дар шароити баста будани марзҳо ва манъи рафтуомад бо кишварҳои хориҷӣ талаботи мардумро қонеъ намоянд”.

Доруҳои гароннарх. Истеҳсоли худӣ ку?

Лозим ба ёдоварист, ки зимни ироаи Паём ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар низ  Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз мунтазам баланд шудани нархи доруворӣ изҳори нигаронӣ карданд. Барои ҳар чӣ зудтар ба низом даровардани бозори фармасевтии ҷумҳурӣ, аз ҷумла, танзими арзиши доруворӣ, рушди соҳибкории истеҳсолии фармасевтӣ, аз андози арзиши иловашуда озод намудани истеҳсоли доруворӣ, ки ба паст шудани нархи доруворӣ ва рақобатпазир гаштани маҳсулоти дар ҷумҳурӣ истеҳсолгашта мусоидат менамояд, вазифагузорӣ намуда буданд.

Далелу рақамҳои мавҷуда баёнгари онанд, ки солҳои охир ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ин масъала қобили таваҷҷуҳ аст. Масалан, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воридоти як қатор таҷҳизот, ки дар истеҳсоли доруворӣ истифода мешаванд, аз андози иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуданд. Инчунин, масъалаи аз андози иловашуда озод кардани ашёи хоми (моддаҳои фаъоли фармасевтӣ ва ёридиҳанда) дар истеҳсоли доруворӣ истифодашаванда дар баррасии сохторҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Мутаассифона, аз ин ибтикор муҳлати муайян сипарӣ гардида бошад ҳам, вазъ дар бозори фармасевтии ҷумҳурӣ, қариб ки бетағйир мондааст.

 Вазъияти дар марҳилаи паҳншавии коронавирус баамаломада дурустии ин гуфтаро собит намуд.  Чун пештара дорухонаҳо пур аз дорувории истеҳсоли хориҷии гароннарх буда, дорувории истеҳсоли худӣ ба маънои том «тухми анқо» аст.

   Савол ба миён меояд, ки чаро зиёда аз 200 номгӯйи доруворие (маълумотномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ), ки аз тарафи ширкатҳои ватанӣ, ба монанди ҶДММ «Кӯҳҳои Тоҷикистон», ҶДММ «Тиб барои шумо», ҶДММ «Вежа», ҶДММ «Ясмина» ва ғайраҳо истеҳсол мешаванд, дар фурӯш нест? Ё ин ки маълумоти мазкур танҳо барои ҳисоботи вазорати зикршуда заруранд?

 Пайгирии масъала собит намуд, ки дар ҳақиқат номгӯйи зиёди доруворӣ аз тарафи ширкатҳои ватанӣ истеҳсол мешавад. Қаблан роҳбарону мутахассисони ин ширкатҳо, аз ҷумла, ҶДММ «Вежа» ва ҶДММ «Кӯҳҳои Тоҷикистон» тасдиқ намуданд, ки имконият доранд, талаботи ҷумҳуриро бо якчанд номгӯйи доруворӣ пурра таъмин намоянд.

Рақобат дар бозори фармасевтӣ

Ба ақидаи коршиносон, дар фурӯш набудани дорувории истеҳсоли ватанӣ ба танзими фаъолияти фармасевтӣ вобаста аст.  Яъне, ширкати истеҳсолӣ наметавонад дар баробари ба истеҳсолот машғул будан, ба фурӯши чаканаи доруворӣ машғул шавад. Тибқи таҷрибаи ҷаҳонӣ, корхонаҳои истеҳсолии фармасевтӣ маҳсулотро ба воситаи ширкатҳое, ки ба фурӯши яклухти доруворӣ машғуланд, ба фурӯш мебароранд.

   Роҳбарият ва мутахассисони аксар ширкатҳои истеҳсолӣ мегӯянд, ки мутаассифона, ширкатҳои бузурги ватании ба фурӯши доруворӣ машғулбуда бо истеҳсолкунандагони ватанӣ ҳамкорӣ надоранд ва мо вақти зиёд сарф карда, дар ба дари дорухонаҳо ба тақсими маҳсулот машғулем.  Онҳо муътақиданд, ки тақрибан 10-15 фоизи дорухонаҳои ҷумҳурӣ, ки «пойбанд»-и ширкатҳои бузург нестанд, дорувории истеҳсоли Тоҷикистонро ба фурӯш мебароранду халос.  Ба касе пӯшида нест, ки рақобат дар бозори фармасевтии ҷумҳурӣ ниҳоят баланд аст. Боиси нигаронист, ки дар аксар ҳолат дар ин раванд ширкатҳои хориҷӣ ва воридкунандагони маҳсулоти онҳо бо ширкатҳои ватанӣ рақобати носолим намуда, ба рушди истеҳсолоти дохилӣ халал мерасонанд.

  Барои мисол, баробари огоҳ шудан аз тасмими ширкати ватанӣ бобати ба роҳ мондани истеҳсоли ин ё он намуди доруворӣ филфавр ҳамон намуд доруро ба кишвар ворид намуда, онро арзонтар ба фурӯш мегузоранд. Аз ин нуктаи назар, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро мебояд банақшагириро дар ин самт ҷиддӣ ба роҳ монда, вуруди маҳсулоти хориҷиро тарзе ба роҳ монад, ки ба пешрафти истеҳсолоти дохилӣ монеа эҷод нагардад.

  Эътироф бояд кард, ки ширкатҳои хориҷӣ ва воридкунандагони доруворӣ бо мақсади нигоҳ доштани мавқеъ дар бозор аз ҳама имконият истифода менамоянд. Аввалан, маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистонро ба дорухонаҳо роҳ намедиҳанд. Дар аксар вақт ба дилхоҳ доруворие, ки дар дохили мамлакат истеҳсол шудааст, «айб» ёфта, ба тарғибу фурӯши онҳо майл надоранд.

  Ин нафарон дар зеҳни аҳолӣ ақидаеро ҷой кардаанд, ки дорувории истеҳсоли худӣ чандон таъсирбахш ва аз лиҳози сифату раванди истеҳсол ҷавобгӯйи талабот нест. Шояд чунин нафарон дарк намекунанд, ки ягон соҳибкори ватанӣ, ки барои бунёди корхона маблағи зиёд харҷ кардааст, ба ҳеҷ ваҷҳ ҳавасманд нест, ки дорувории пастсифат истеҳсол намояд. Сухан сари он аст, ки ширкатҳои хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон бозори худро доранд, аз тариқи иқдомҳои моҳияти лоббигаридошта кӯшиш мекунанд, ки фаъолияти истеҳсолкунандагони дохилӣ тавсеа наёбад.

 Шоистаи зикр аст, ки фаъолияти истеҳсолии фармасевтӣ ба меҳнати зеҳнӣ мансуб буда, сатҳи баланди дониш ва технологияҳои инноватсиониро талаб карда, рушди он муаррифкунандаи миллат дар арсаи байналмилалӣ буда метавонад. Доруворӣ доимо харидор дорад, аз ин рӯ, ҳар давлати соҳибистиқлол аз фишангҳои танзимкунандаи фаъолияти фармасевтӣ, ба монанди иҷозатномадиҳӣ, бақайдгирӣ, сертификаткунонӣ истифода карда, кӯшиш менамояд, ки чунин бозорро маҳсулоти дохилӣ соҳиб бошад. Биноан, ҳар чӣ зиёдтар маҳсулоти ширкатҳои дохилиро ба мардум пешниҳод намуда, буҷаи худро аз ҳисоби чунин фаъолияти сердаромад ғанӣ мегардонад.

Мутмаинем, ки дар заминаи иҷрои бетаъхири супоришҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқоти мавриди назар дода шуд, мушкилоти мавҷуда рафъ мегардад. Вақт беҳтарин довар аст…

Далер Мерганов

PS: Роҳи ҳалли рушди тавлиди доруворӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад. Агар хоҳанд, агар монополистҳо садди роҳ нашаванд. Давлат сохторе дорад бо номи ГУМРУК. Вазифаи он танзими воридоту содирот аст. Баланд бардоштани андози воридотӣ нисбати маҳсулоте, ки истеҳсоли онҳо дар ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст, роҳи соддаи ҳалли ин мушкилот аст. Магар лобистон ба ин роҳ медиҳанд? Ҳаргиз!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *