Дорухонаҳоро кӣ назорат мекунад?
Агар теъдоди дорухонаҳоро дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳисоб кунем, шояд аз шумораи дӯкону ошхона, мағозаҳои хӯрокворӣ ва бозорҳои сабзавотфурӯшиву саноатӣ бештар бошанд. Вале афсӯс, ки фаъолияти дорухонаҳо ба таври бояду шояд назорат нашуда, ҳар кас бо дави аспи худ фаъолияташро пеш мебарад. Махсусан, нархи маҳсулоти дорувориро касе танзим намекунад.
Фарқ аз замин то осмон
Бештари сокинон аз он шиква мекунанд, ки ширкатҳои фарматсевтӣ ва дорухонаҳо ба маҳсулоти доруворӣ аз пеши худ нарх гузоштаанд. Ҳамин аст, ки нархи як дору дар дорухонаҳо аз замин то осмон фарқ мекунад. Пас аз шикояти сокинон мо тасмим гирифтем нархи панҷ номгӯи доруро аз даҳ дорухона пурсон шавем.
Нахуст ба дорухонаи ширкати «Эвалар», ки дар хиёбони Шоҳтемур қарор дорад, даромада, аз фурӯшанда нархи сиропи кӯдаконаи “Нурофен”, “Арбидол форте”, “Линекс”, “Бромесол сироп” ва “Стопгрипп-сироп”-ро пурсидем. Духтари фурӯшанда нархи “Нурофен”-ро 35, “Арбидол форте” — 45, “Линекс” — 25, “Бромесол сироп”- 38 ва “Стопгрипп-сироп”-ро 28 сомонӣ гуфт.
Ба дорухонаи дигар, ки ба ширкати «Мадад» марбут аст ва дар хиёбони Рӯдакӣ воқеъ мебошад, даромадем ва нархи ҳамин доруҳоро аз фурӯшандаи ин дӯкон пурсидем. Дар дӯкон фурӯшанда танҳо нархи “Нурофен”-ро 32, “Арбидол форте” — 50, “Линекс”-ро 25 гуфту дар идомаи пурсишамон дорухонаи худро арзонтарин дар пойтахт арзёбӣ кард. Вақте норозӣ аз дар мебаромадем, гуфт: “Любой ҷойи Душанбера гардӣ, а и дида нархи арзон намеёвӣ”.
Байни ин 2 дорухона чандон масофае ҳам нест, аммо нархҳо алакай аз 50 дирам сар карда, то 5 сомонӣ фарқ мекунанд!
Роҳамонро идома дода, ба дорухонаи “Муҳаммад А”, ки дар маҳаллаи шимолӣ (северный) ҷойгир аст, медароем. Дар ин дорухона нархҳо тамоман фарқунанда: “Нурофен” — 52, “Арбидол форте” — 89, “Линекс” — 100, “Бромесол сироп” — 38 ва “Стопгрипп-сироп” 27 сомонӣ.
Ҳуш аз сарамон парида бошад ҳам, роҳро идома додем. Ин навбат ба дорухонаи мансуб ба ширкати “Осонфарм” (дар наздикии Донишгоҳи славянӣ) даромадем. Дар инҷо нарх чунин буд: “Нурофен” — 45, “Арбидол форте” — 55, “Линекс” — 100, “Бромесол сироп” — 40 ва “Стопгрипп-сироп” 30 сомонӣ.
Дорухонаҳои гароннарх
Ҷолиб он аст, ки ба ҳар дорухона дароем, фурӯшандаҳо ҳатман таъкид мекарданд, ки аз ҳама дӯкони арзони арзон аз онҳост. Онҳо таблиғ мекарданд, ки доруҳои истеҳсоли Русия ва Олмон нархи баланд дошта, сифаташон хуб аст. Вале ягон нафари онҳо дорухат намепурсанд. Ба чанд дӯконе, ки рафтем ва дору хариданӣ шудем, касе напурсид, ки кистем ва ин доруҳоро кадом духтур бароямон тавсия кардааст?!
Мушоҳидаи дигарамон нишон дод, ки аз ҳама дорухонаҳои гароннарх дар назди беморхонаҳо ҷойгир шудаанд. Касе нархи онҳоро танзиму назорат намекунад.
Нархро кӣ бояд танзим кунад?
Тавре мушоҳида кардем, нархи дору дар дорухонаҳо гуногун аст. Теъдоди ширкатҳои фармасевтии ватание, ки бо ширкати аслии истеҳсолкунанда шартнома дошта, ҳамкорӣ мекунанд, имрӯз хеле каманд. Аз ин рӯ, нархи маҳсулоти доруворӣ дар кишвар гарон аст.
Дар инҷо саволе ба миён меоаяд, ки пас, сохторҳои марбута, хоса Хадамоти зиддиинҳисории кишвар ба куҷо нигоҳ мекунанд? Ё чаро имрӯз дар дорухонаҳои Тоҷикистон нархи ягонаи фурӯш барои ин ё он дору нест? Чаро 1 дору дар 10 дорухона 10 нарх дорад?
Шояд масъулин ба ин суолҳо посух мегӯянд?
Суман УБАЙДУЛЛОЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ