Довар бо зарбаи сар дарвозабонро ба накаут фиристод
Довари бозии «Борго Моляно» ва «Монтоттоне» дар Лигаи 8-уми чемпионати Италия дарвозабони дастаи «Борго Моляно»-ро бо зарбаи сар зада беҳуш кард. Дар ин бора сомонаи “Футбол” дар такя ба сомонаи “La Gazzetta dello Sport” хабар медиҳад.
Чӣ тавре, ки “La
Gazzetta dello Sport” хабар медиҳад. Рефер Антонио Мартинелло
дарвозабони «Борго Моляно» — Маттео Чиччолиро аз майдон ронд. Баъди хотимаи
бозӣ Мартинелло Чиччолиро дар роҳрави варзигшоҳ мунтазир шуда, бо сар ба
қафаси синаи ӯ зарба задааст, ки дарвозабонро дар ҳолати вазнин ба беморхона
бурданд.
Барои ин амалаш Мартинелло ба муҳлати як сол аз ҳақи доварӣ маҳрум карда
шуд.
Бояд гуфт, ки амали довар воқеаи маъруфе, ки миёни Зидан ва Матератси дар Ҷоми Ҷаҳони соли 2006 рух дода буд, ба ёд меорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ