Довталаб-2022. Аз бақайдгирӣ то имтиҳонсупорӣ. Чиро бояд донист? (аудио)

Ҳамасола шуруъ аз моҳи апрел то июн дар Тоҷикистон маъракаи бақайдгирии довталабон ва супоридани имтиҳонҳо тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Омӯзиш ва таҳлилҳои мо бозгӯи онанд, ки дар баъзе маврид довталабон дар интихоби касб ба иштибоҳ роҳ медиҳанд ё аз имтиҳони тестӣ намегузаранд.

Чанд омили муҳим дар интихоби касб

Интихоби дурусти касб ба тақдири оянда ва имконияти амалишавии орзуву ниятҳо иртиботи  бунёдӣ дорад. Интихоби дуруст барои интихоби идомаи таҳсил  ва соҳибкасб шудан — кафолати ояндаи дурахшон ва шарти асосии татбиқи рисолати инсонӣ дар ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Абдулбосит Нуралиев, мутахассиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки ихтисос навъи мушаххаси кор ё фаъолият дар доираи ин ё он касб аст. Шахс метавонад дар доираи як касб чанд ихтисосро интихоб намояд. Баъд аз таҳсил аз рӯйи ҳар ихтисос тахассуси муайян дода мешавад.

Возможно, это изображение один или несколько человек и в помещении
Абдулбосит Нуралиев, намоянда аз Маркази миллии тестӣ

Масалан, касби омӯзгорӣ дорои тахассусҳои омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик, омӯзгори забон ва адабиёти рус, омӯзгори таърих, омӯзгор-равоншинос (психолог), омӯзгори мусиқӣ, омӯзгори физика, омӯзгори биология ва химия, омӯзгори география, омӯзгори математика ва информатика, омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ, рассом-омӯзгор, китобдор-омӯзгор ва ғайра аст”,- шарҳ медиҳад номбурда.

Ӯ ба ин бовар аст, ки интихоби дурусти ихтисос барои ҳар як шахс муҳим ва ҳатто тақдирсоз аст. “Ҳангоми интихоби ихтисос ба эътибор гирифтани якчанд омил зарур аст. Пеш аз ҳама, довталаб бояд хуб биандешад, ки аз ин касб чӣ мехоҳад ва аз он чиро интизор аст, дар кадом соҳа фаъолият намудан барояш бештар писанд аст ва касбу кори ӯ  ба тарзи ҳаёт чӣ таъсире расонида метавонад? Оё аз ин касбу ихтисос қаноатманд хоҳад шуд? Он воситаи таъмини рӯзгор мегардад ё не? Ҳар як довталаб талаботи бозори меҳнатро ба касбу ихтисосҳо ақаллан барои 5 6 соли оянда бояд ба назар гирад, зеро дар ҳоли мавриди талаби бозори меҳнат набудани он касбу ихтисос ё нисбат ба талабот зиёд будани шумораи мутахассисони он соҳа манфиаташ ба соҳибкасб кам мерасад. Барои мисол, гарчи ихтисосҳои самти ҳуқуқшиносӣ нуфузу эътибори баланд доранд, имрӯз барзиёд будани мутахассисони ин соҳа дар бозори меҳнат ҳис карда мешавад. Баръакс, ҳамаи соҳаҳои кишвари мо ба ихтисосҳои техникӣ (гуруҳи ихтисососҳои якум — «Табиӣ ва техникӣ») ниёзи зиёд доранд, аммо аз ҷониби довталабон кам интихоб гардидани онҳо ҳамасола аён аст. Интихоби касб ва ихтисос, албатта, кори шахсии ҳар кас аст, вале ҳангоми интихоби он таҷриба ва маслиҳати падару модар, омӯзгор, хешу ақрабо ва мутахассисони соҳаро ба эътибор гирифтан ба нафъи кас хоҳад буд”,- изҳор дошт мутахассиси Маркази миллии тестӣ.

Ҳамчунин, мутахассисон ба ин назаранд, ки ҳангоми интихоби касбу ихтисос бештар хусусиятҳои ҷисмонию равонии худ — вазъи саломатӣ, дониш, лаёқату истеъдодро ба назар гирифтан зарур аст. Зеро ҳар касбу ихтисос талаботи ба худ хос дорад, ки аз шахс қобилият, хислат, дониш ва маҳорати муайянро талаб мекунад. Масалан, касе, ки овозаш нохуш ё гулӯяш айбдору бемор бошад, овозхони хуб шуда наметавонад.

Аз ин рӯ, довталаби муассисаи олӣ бояд дар интихоби пешаи худ таваҷҷуҳ намояд ва ояндабин бошад. Чунки дар шароити имрӯза тамоми сохтору корхона ва ташкилоту идораҳо танҳо ба мутахассиси донишманду дорои нигоҳи тоза ниёз доранд.

Аз навгонӣ то имтиёз

Имсол ҳам давраи бақайдгирии довталабон аз 1-уми март оғоз ёфт. Довталабон тавонистанд дар 34 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки 40 нуқтаи бақайдгирӣ ва 25 нуқтаи бақайдгирии сайёр ташкил карда шудааст, давраи бақайдгириро гузаранд. Муҳлати бақайдгирӣ ҳам мисли солҳои қаблӣ имсол тамдид гардида, то 30-юми июн идома меёбад. Ҳоло довталабони макотиби олӣ дар баробари ҳуҷҷатсупорӣ, дар тараддуди омодагӣ ба имтиҳонҳои қарибулвуқуъ низ ҳастанд. Дар ин матлаб хонандагон доир ба тағйирот, навгониҳо, замону макони бақайдгирӣ, тарзи дурусти интихоби касб ва шаклу усули фаъолияти имсолаи ММТ маълумоти бештар хоҳанд гирифт.

Пеш аз ҳама, имсол дар нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2022-2023 чанд тағйирот ворид шуд. Номи баъзе аз муассисаҳои таълимӣ тағйир ёфта, инчунин, баъзе ихтисосҳо аз феҳристҳо хориҷ гардиданд ва ба феҳристҳо якчанд комбинатсияи ихтисосҳои нав ворид карда шуд. Ба низоми ИМД Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд (ғайридавлатӣ) ворид карда шуд. Ин тағйиру иловаҳо баъд аз чопи дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб» ворид гардиданд. Ба довталабон тавсия дода мешавад, ки барои интихоби ихтисосҳо аз феҳристҳое, ки дар шакли чопӣ дар ҳар нуқтаи бақайдгирӣ дастрасанд, истифода намоянд. Нусхаи электронии феҳристҳои комбинатсияҳои ихтисосҳо дар сомонаи марказ низ бо назардошти тағйиру иловаҳои зикршуда ҷой дода шудаанд.

Инчунин, ба шахсоне, ки комбинатсияҳои ихтисосҳоро бо истифода аз гунаи чопии дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб» аллакай интихоб кардаанд, тавсия дода мешавад, ки бори дигар интихобҳояшонро бо истифода аз маводи нави нуқтаҳои бақайдгирӣ ё дар сомонаи ММТ муқоиса намоянд.

Довталабе, ки пас аз бақайдгирӣ боз мехоҳад ихтисосҳояшро иваз намояд, метавонад дар марҳилаи азнавбақайдгирӣ худро аз нав ба қайд гирад. Барои ин шиносномаи миллӣ ё маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД, барои шахсоне, ки синнашон ба 16 расидааст (барои шахсони то 16-сола — шаҳодатномаи таваллуд, маълумотнома бо муҳру сурат аз ҷойи зист), варақаи бақайдгирии марҳалаи асосии бақайдгирӣ, рақами расид (квитансия) аз яке аз филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” оид ба пардохти маблағи иловагӣ (барои марҳалаи асосии азнавбақайдгирӣ — аз 16-ум то 30-юми апрел) лозиманд.

Ҷараёни пардохти маблағи хизматрасонӣ

Барои аз қайд гузаштан ва иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2022 дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонӣ барои довталабон дар имтиҳонҳои мазкур муайян гардидааст. Арзиши хизматрасонӣ аз зинаи таҳсилоти шахсе, ки дар ин имтиҳонҳо иштирок кардан мехоҳад, чунин аст:

240 (дусаду чил) сомонӣ — барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 11 ум), ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ;

180 (яксаду ҳаштод) сомонӣ — барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9 ум);

25 (бисту панҷ) сомонӣ — барои марҳалаи асосии азнавбақайдгирӣ ҷиҳати иваз кардани интихобҳои аввалия.

Тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони зерин дар пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД имтиёз пешбинӣ гардидааст:

— шахсони то 21-солае, ки ятими кул ё бепарасторанд, аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД пурра озоданд;

— шахсони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд, аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД 50% озоданд;

— маъюбони гуруҳҳои 1-ум ва 2-юм ва “кӯдакони маъюб” аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД 50% озоданд;

— агар шахс ҳам маъюби гуруҳи 1-ум ё 2-юм ё “кӯдаки маъюб” бошаду ҳам падар ё модараш вафот карда бошад, ё дар парастории яке аз онҳо қарор дошта бошад, он гоҳ ӯ аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озод аст.

Шахси аз пардохти 50 %-и маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озодбуда, агар дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9 ум) бошад, 90 (навад) сомонӣ ва агар шахси мазкур дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ бошад, он гоҳ 120 (яксаду бист) сомонӣ пардохт мекунад. Ва ҳамчунин, шахсони дорои имтиёзҳои зикргардида ҳангоми бақайдгирӣ бояд ҳуҷҷатҳои дахлдорро пешниҳод кунанд.

Қобилияту истеъдод дар мадди аввал

Ҳар кас бояд ихтисосеро интихоб созад, ки ба табиату қобилияташ мувофиқ бошад. Довталаб бояд, пеш аз ҳама, олами маънавии худ — шавқу ҳавас, меҳру садоқат ба касбу ихтисос, тафаккур ва қобилияту истеъдодашро ба назар гирад. Сипас бо ихтисосҳои мавҷудае, ки майли интихоби онҳоро дорад, шинос шуда, хусусияту талаботи онҳоро фаҳмида, лаёқату донишу тавону имкони худро ба эътибор гирифта, онҳоро ихтиёр кунад.

Инро ҳам донистан лозим аст, ки аз рӯйи ихтисоси интихобкарда мутахассисонро кадом муассисаҳои таълимӣ омода мекунанд. Шумораи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаю олии касбӣ кам нест ва муҳим аст, ки барои дурусту дақиқ интихоб кардани онҳо низ довталаб имконият ва шароити худро дар мадди назар дошта, аз ҷумла меъёрҳои зеринро ба эътибор гирад:

• шакли таҳсил (рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ) ва намуди таҳсил (ройгон, пулакӣ);

• макони ҷойгиршавии муассисаи таълимӣ;

• зерсохтори муассисаи таълимӣ (хобгоҳ, китобхона, толорҳои варзишию фарҳангӣ);

• нуфуз ва эътибор (рейтинг)-и муассисаи таълимӣ;

• фикру ақидаи аҳли ҷомеа дар бораи муассисаи таълимӣ.

Тавозуни омори бақайдгирӣ

Тибқи маълумоти омории рафти бақайдгирии довталабон дар ИМД-2022 аз 1-уми март то 11-уми апрел шумораи довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбии номнависшуда дар доираи гуруҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш) 101,54 %, дар доираи гуруҳи ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат) 80,72 % ва дар доираи гуруҳи ихтисосҳои 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) 79,95 %-ро аз нақшаи қабули ҳар яке аз ин гуруҳҳо ташкил медиҳад. Шумораи довталабони бақайдгирифтаи дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар доираи гуруҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) ҳамагӣ 38,64 % ва дар доираи гуруҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география) 49,04 %-ро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи гуруҳҳои ихтисосҳои 5-ум, 4-ум ва 3-юм хеле кам аст.

Тақаллубкорӣ. Чиро бояд донист?

Дар соҳаи маориф, хусусан дар самти фаъолияти Маркази миллии тестӣ, ки чанд сол пегш таъсис ёфт, сарусадоҳо зиёд буданд ва ҳоло ҳам ба гӯш мерасанд. Яъне, довталабон ва волидайни онҳо ба шаффофияти низоми қабул ба макотиби олӣ боварӣ надоранд.

Бархе чунин мешуморанд, ки ҳоло ҳам чун қабл бидуни восита ё ба иборае “тағо” дохил шудан ба донишгоҳу донишкадаҳо мушкил аст. Аммо дар иртибот ба ин масъала масъулини ММТ ба ин назаранд, ки Маркази миллии тестӣ шаффофияту адолатро муҳимтарин усули кори худ қарор додааст ва таъмини онро дар ҳамаи раванду марҳалаҳои ИМД кафолат медиҳад. Вале ҳамзамон намояндагони ин Марказ вуҷуд доштани тақаллубкоронро, ки бо ваъда довталабонро фиреб мекунанд, аз эҳтимол дур намедонанд. Зимнан, иброз медоранд, ки шахсан мухолифи ҳар гуна тақаллубкорӣ дар соҳаи маориф ҳастанд ва бояд барои фаҳмондадиҳии довталабону волидайни онҳо воситаҳои муассир, бахусус ВАО ҷалб карда шаванд.

Абдулбосит Шодиниё, муовини якуми директори Маркази миллии тестӣ

“Маркази миллии тестӣ дониш ва малакаю маҳорати ҳар яке аз довталабонро воқеӣ арзёбӣ карда, ҳеҷ гоҳ ба дахолати инсонӣ, яъне аз берун, тақаллуб ва амалҳои ба ин монандро дар имтиҳони дохилшавӣ роҳ намедиҳад. Мутаассифона, ба ин нигоҳ накарда, шахсони қаллобе ҳастанд, ки баъзе аз довталабон ва падару модари онҳоро фиреб дода, бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт ваъдаи кумак кардан барои дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳо медиҳанд. Аз ин рӯ, эҳтимоли рух додани амалҳои ғаразноку қаллобона ва авомфиребию ваъдаҳои бардурӯғ аз ҷониби баъзе шахсон дар бобати дохил кардани довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ мавҷуд аст”,- иброз медорад Абдулбосит Шодиниё, муовини якуми директори Маркази миллии тестӣ.

Масъулин иброз медоранд, ки барои пешгирӣ аз амалҳои қаллобӣ дар раванди ИМД ва паҳн шудани фикру андешаи нодуруст нисбат ба фаъолияти Марказ дар байни ҷомеа довталабон ва алоқамандони низоми ИМД бояд бетараф набошанд. Ба қаллобоне, ки бо ниятҳои нопок довталабон ва ё наздикони онҳоро бовар кунонданӣ мешаванд, ки гӯё барои довталабро ба мактаби дилхоҳаш дохил кардан ёрӣ расонида метавонанд, ҳатто агар онҳо воқеан корманди Марказ ҳам бошанд, ҳаргиз бовар накунанд.

Ба назари инҷониб, агар довталабон аз имконоти Маркази миллии тестӣ огоҳ бошанд, онро ҳадафмандона ва дуруст истифода кунанд, рух додани амалҳои номатлуб, аз қабили қаллобӣ, мардумфиребӣ аз байн хоҳад рафт. Аммо эҳтимолияте низ вуҷуд дорад, ки тақаллубкорӣ воқеан ҳам роҳ ёбад ва довталабон ба доми қаллобон афтанд. Дар ин сурат чӣ бояд кард? Пеш аз ҳама, довталабон ва пайвандони онҳо бояд маълумоти вобаста ба раванди қабул ба муассисаи таҳсилоти олиро санҷанд, дастурамалҳои дохилшавӣ ба муассисаи олиро пурра омӯзанд, муқоиса ва хулосабарорӣ карда тавонанд. Ҳамчунин, бояд дар бораи муроҷиат ба ниҳодҳои масъул, масалан, Маркази миллии тестӣ, Вазорати маориф ва илму Хадамоти назорат дар соҳаи маориф ва мақомоти тафтишотию судӣ тасаввурот дошта бошанд.

Зимнан, тариқи расонаҳои чопию электронӣ шартҳою тартиби ҳуҷҷату имтиҳонсупорӣ ва дохил шудан ба макотиби олӣ  бештар шарҳу тавзеҳ дода шаванд. Ин кор асосан ба дӯши ниҳодҳои танзимкунандаи соҳаи маориф аст, ки аллакай чанд моҳ пеш аз оғози ҳуҷҷатсупорӣ бояд амалӣ карда шавад.

Усмон РАҲИМЗОДА

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.