Довталаб-2025. ДДТТ мавқеи пешсафро ишғол менамояд

Довталабони гиромӣ!

Ҳадафи асосии раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ ҷавобгӯ ва саҳм гузоштан дар рушди илми ватанӣ мебошад. Дар робита ба ин, раёсати донишгоҳ шумо — довталабони гиромиро аз тариқи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” барои таҳсил ба ин боргоҳи илму маърифат даъват менамояд.

Хайрулло Назарзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо қарори Шӯрои Вазирони СССР аз 27-уми июни соли 1987, №241 дар заминаи маркази таълимӣ-машваратии Донишкадаи кооперативии Самарқанд, ки дар шаҳри Душанбе фаъолият мекард, ҳамчун филиали Душанбегии Институти савдои советии кооперативии Новосибирск таъсис дода шудааст.

Мувофиқи қарори Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 25-уми ноябри соли 1991, №354 дар базаи филиал Донишкадаи тиҷоратии Иттифоқи матлуботи Тоҷикистон ташкил карда шуд, ки он баъдтар бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми марти соли 1993, №126 ба Донишкадаи давлатӣ-кооперативии тиҷорати Тоҷикистон табдил дода шуд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми апрели соли 2000, №162 то ба имрӯз донишгоҳ ҳамчун Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Донишгоҳ дорои Донишкадаи иқтисод ва савдо дар шаҳри Хуҷанд, 7 бинои таълимӣ, литсей, хобгоҳи 4-ошёна барои омӯзгорону кормандон, ду хобгоҳи 4-ошёна барои донишҷӯён, як толори варзишӣ, китобхонаи илмӣ, ду майдончаи варзишӣ, 3 факултет, шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ, 9 кафедраи тахассусӣ, 4 кафедраи умумидонишгоҳӣ, пажӯҳишгоҳи илмии бозори истеъмолӣ ва хизматрасонӣ, шуъбаи магистратура, аспирантура ва докторантура мебошад.

Имрӯз Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон яке аз донишгоҳҳои бонуфуз ва базавии кишвар дар соҳаи тайёр кардани кадрҳои соҳаи иқтисод ва тиҷорат буда, дар асоси Литсензияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти таълимиро амалӣ менамояд.

Донишгоҳ тибқи Иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ аз рӯйи 36 ихтисоси барномаи бакалавр, 10 ихтисоси барномаи магистратура, 13 ихтисоси барномаи доктор PhD ва 6 ихтисоси барномаи таҳсилоти дуюми олии касбӣ мутахассисонро тайёр менамояд.

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар бозори хизматрасонии таълимӣ ҷойгоҳи хоссаи худро дошта, оид ба тайёр кардан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон мавқеи пешсафро ишғол менамояд. Хатмкардагони донишгоҳи мо на танҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат, балки дар ташкилоту ширкатҳои бонуфузи байналмилалӣ низ фаъолияти пурсамар доранд.

Дар донишгоҳ 142 синфхона бо 4722 ҷойи нишаст, 12 синфхонаи компютерӣ, 3 озмоишгоҳи таълимӣ, 3 адад синфхонаи лингафонӣ, 840 компютер, 130 проектор бо экран, 130 тахтаи электронӣ, 130 ноутбук ва 150 принтер мавҷуд аст, ки донишҷӯён аз онҳо самаранок истифода мебаранд.

Китобхонаи донишгоҳ аз ду толори хониши китобҳои муқаррарӣ бо 115 ҷойи нишаст, ду толори хониши китобҳои электронӣ бо 90 ҷойи нишаст ва 293 ҳазор нусха китоб иборат мебошад.

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар байни донишгоҳҳои ҷумҳурӣ аввалин шуда, соли 2005 ба низоми кредитии таълим гузашт.

Дар раддабандии донишгоҳҳои Тоҷикистон, ки аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар зинаи 7-ум мавқеъ дорад.

Рамзи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №106

Донишгоҳ дорои иқтидори баланди илмию педагогӣ мебошад. Ҳоло дар донишгоҳ 205 нафар омӯзгор фаъолият мекунанд, ки 195 нафарашон омӯзгорони доимӣ мебошанд.

Барои хондани лексияҳо ва гузаронидани дарсҳои амалӣ ба раванди таълими донишгоҳ намояндагони сохторҳои соҳибкорӣ, инчунин роҳбарону мутахассисони вазорату идораҳои кишвар ҷалб карда шудаанд.

Яке аз самтҳои афзалиятноки стратегияи рушди донишгоҳ таҳким ва тавсеаи равобити байналмилалӣ, ширкат дар барномаҳои гуногуни таҳсилоти байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ғайра мебошад. Донишгоҳ беш аз 20 лоиҳаи муштараки таълимиро бомуваффақият амалӣ кардааст, ки аз ҷониби созмонҳо ва барномаҳои гуногуни байналмилалӣ маблағгузорӣ карда мешаванд.

Бо мақсади татбиқи ҳаракати академӣ донишҷӯёни донишгоҳ як нимсола дар донишгоҳҳои пешрафтаи хориҷӣ таҳсил мекунанд. Дар доираи барномаҳои байналмилалии табодул омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ дар донишгоҳҳои Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Беларус, Италия, Испания, Чехия, Полша, Руминия, Словения, Кореяи Ҷанубӣ ва ғайра таҳсил намуда, донишу маҳорати касбиашонро сайқал медиҳанд.

Довталабони гиромӣ, бо дарназардошти ин ҳама, бо дилпурӣ гуфта метавонем, ки агар шумо ихтисосҳои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро интихоб намоед, ҳайати устодону профессорони донишгоҳ, ки аз олимону мутахассисони варзидаи кишвар иборат аст, орзуҳои шуморо амалӣ мегардонад.

Марҳабо, ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон!

Назарзода Хайрулло Холназар,

ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image