Дар Дубай мусофиронро тариқи электронӣ муонаи тиббӣ мекунанд
Ширкати ҳавоии «Emirates Airlines» ва мақомоти тандурустии Дубай Меморандуми ҳамкорӣ имзо карданд. Дар натиҷа, Дубай аввалин шаҳр дар ҷаҳон хоҳад буд, ки шиносномаи сабтҳои тиббии сайёҳонро ба таври рақамӣ назорат ва тасдиқ мекунад. Ин бо дастрасӣ ва маълумот дар бораи гирифтани ваксинаи COVID-19 алоқаманд аст.
Ҳуҷҷатро Шайх Аҳмад бин Саид Ал Мактум, Директори иҷроияи Аморати Муттаҳида ва Авад Ал Кетби, Директори иҷроияи Мақомоти тандурустии Дубай имзо карданд. Қайд карда мешавад, ки Дубай дар даҳсолаҳои охир маркази пешрафтаи нақлиёти ҳавоӣ дар ҷаҳон, инчунин ба яке аз шаҳрҳои пешрафта дар соҳаи хизматрасонии электронӣ табдил ёфтааст. Барнома барои гузаронидани тафтиши бидуни ҳуҷҷатҳо дар фурудгоҳ ва коҳиш додани вақти назорат мусоидат мекунад. Ва худи раванд боз ҳам боэътимодтар ва самарабахш хоҳад шуд, яъне ба талаботи ҷаҳонӣ оид ба мубориза бо сироят комилан мувофиқат мекунад
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ