Дар оғӯши занам ёди Нозанин мекунам

Сарнавиштамро ба шумо нақл карданиям, то ба тамоми ҷавонон дарси ибрат гардад. Ман марди оиладор ва соҳиби чанд фарзанд ҳастам. Шукри Худо зиндагии орому осуда дорам. Дар бадали 10 соли ҳамзистӣ ягон бор гапи ману ҳамсарам нагурехтааст, вале то имрӯз худамро бахшида наметавонам, чунки дили духтареро шикастам. Азоби виҷдон маро маҷбур кард, ки баъди 10 сол қалам ба даст гирифта, тариқи ҳафтанома аз арӯси фиребхӯрда бахшиш бипурсам.

Давраҳои пурҷӯшу хурӯши ҷавонӣ ба Нозанин ном духтари нозанине ошиқ шуда будам. Бо даву тозҳои зиёд зебосанамро ба гап афтондам. Мо тез-тез бо ҳам вохӯрда, хаёлан қасри бахт месохтем. Ман бо даҳони пур ваъда медодам, ки ҳатман ӯро ба занӣ мегирам ва хушбахттарин зани дунё месозам, бехабар аз он ки чархи фалак на ҳамеша ба муроди дили мо мегардад.  Пайвандони духтар аз оилаи бою бадавлат буданд, аз ҳамин сабаб, вақте дар бораи издивоҷ гап кушода, номи ӯро ба забон гирифтам, модарам дарҳол ба даҳонам зада гуфт:

-Мо куҷою онҳо куҷо?! Зӯри мани камбағал ба  келин кардани он бойдухтар намерасад. Поятро баробари кӯрпаат дароз кун, бачам!

Хеле пофишорӣ карда бошам ҳам, волидонамро ҳеҷ ба гап дароварда натавонистам. Оқибат кор ба ҷое расид, ки дар наздам шарт гузошта гуфтанд: Аз ду якеро интихоб кун, мо ё ҳамон арӯси бойдухтарат?! Албатта ягон мард занро аз падару модараш боло намегузорад, ман низ ночор ба тақдир тан дода, ихтиёрро ба дасти модарам додам. Волидонам дар як муддати кӯтоҳ табъи дили худашон келин ёфтанд. Ман ҳатто рӯйи арӯсшавандаро надида розигӣ додам. Ҳамин тавр даводави тӯй сар шуд, вале ман ҷуръат намекардам ба дӯстдоштаам асли гапро гуфта, умедашро канда кунам. Нозанин бехабар аз ин ҳама сару савдо ҳар рӯз ба ман занг зада мепурсид, ки кай модарамро ба хонаашон хостгорӣ мефиристам. Имрӯзу фардо гӯён, баҳона меҷустам. Ниҳоят  рӯзи тӯй низ фаро расид. Пас аз бастани ақди никоҳ аз рӯйи таомул ба боғи ботаникӣ тамошо рафтем. Дасти арӯсамро гирифта дар боғ сайр доштам, ки аз рӯ ба рӯям Нозанин ҳамроҳи як дугонааш баромад. Бо дидани ӯ маро гӯё барқ зада бошад, дар ҷоям шах шудам. Нозанин низ лолу карахт ба ман менигарист. Дасти арӯсро сар дода, хостам ба ӯ ҳамаашро фаҳмонам, вале ба ҳарфам гӯш накарда: “Бароятон бахти сафед мехоҳам” гуфту осемасар аз боғ баромад. Табъам хира шуд, дигар ба дилам на тамошо меғунҷид ва на садои карнаю сурнаю рақсу бозии хешу табор. Баланд шудани фишори хунамро баҳона карда, арӯсро ба мошин шинондам ва ба ронанда фармудам, ки рост ба хона ҳай кунад.

Аллакай аз байн 10 сол гузаштааст ва шояд имрӯз Нозанин соҳиби оилаи ободу фарзандони дӯстрӯяк бошад, вале ман то имрӯз худро дар назди ӯ гунаҳкор эҳсос менамоям. Нозанин, агар ин сатрҳои  пур аз дарду пушаймониро мехонӣ, илтимос, маро бубахш!

Ҷавонони азиз, ҳеҷ гоҳ хатои маро дар зиндагӣ такрор накунед! Ҳақиқат талх бошад ҳам, онро ба духтаре, ки дӯсташ медоред, бигӯед, то беҳуда ба умед нашавад. Фаромӯш накунед, ки дар дунё гуноҳе вазнинтар аз дилшиканӣ нест.  Бузургон беҳуда нагуфтаанд:

Шикасти шишаи дилро магӯ садое нест,

Ки ин садо ба қиёмат  баланд хоҳанд шуд.

Фарухрӯз, аз ш. Душанбе.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *