ДТТ ба 180 корманди ҶСК «Азот» сертификат супорид

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ беш аз 180 корманди ҶСК “Азот”-ро ба касбомӯзӣ ҷалб карда,  ба онҳо сертификати хатм супорид.

Тавре ки аз донишгоҳи мазкур ба Pressa.tj  хабар доданд, давоми моҳи декабри 2023 ва январи 2024 зиёда аз 180 нафар занону ҷавонони  ҶСК “Азот” ба курсҳои омӯзишӣ аз рӯйи ихтисосҳои аппаратчии истеҳсолоти химиявӣ, лаборанти таҳлили химиявӣ, мошинисти таҷҳизотҳои насосию компрессорӣ, челонгарӣ оид ба таъмири таҷҳизот, харрот, кафшергари барқию газӣ, челонгарӣ, тунукасоз ва изоляторчӣ ва монтёри барқчӣ ҷалб гардиданд.

“29 феврал дар доираи ҳамкорӣ миёни Парки технологии ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ ва ҶСК «Азот» бо мақсади соҳибкасб гардонидани занону ҷавонон аз шаҳри Леваканди вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои гирду атрофи он ва дар оянда дар ҶСК «Азот» бо ҷойи кори доимӣ ва маоши арзанда таъмин намудани онҳо, маросими ҷамъбасти курсҳои омӯзишии касбӣ  баргузор гардид”,-иттилоъ дод манбаъ.

Гуфта мешавад, ки давоми солҳои 2022-2024 дар маҷмуъ 350 нафар ба курсҳои омӯзишӣ фаро гирифта шудаанд, ки 60%-ро ҷавонону бонувон ташкил медиҳанд.

Барои ташкили раванди омӯзиши касбҳои номбаршуда устодон  аз факултетҳои механикию технологӣ, сохтмон ва меъморӣ ва факултети энергетикӣ ҷалб гардидаанд.  

Инчунин, бо мақсади пайванди илм ва истеҳсолот, татбиқи таҳсилоти дуалӣ ва гузаронидани дарсҳои озмоишӣ – амалӣ дар истеҳсолот, филиали кафедраи технологияи равандҳои истеҳсолии ДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар ҶСК «Азот» таъсис дода шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *