ДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ 65-сола мешавад
65-солагии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ моҳи октябри соли равон таҷлил мегардад. Ректори донишгоҳ, профессор Қудрат Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар ҳошияи ин санаи таърихӣ чандин ҳамоиш ва чорабиниҳои муҳим ба нақша гирифта шудаанд.
“65-солагии донишгоҳ ба соле рост меояд, ки мардуми кишвар 30-солагии Истиқлоли давлатии ҷумҳуриамонро таҷлил менамоянд. Ин рамзӣ ва ифтихори мост. Воқеан ҳам, донишгоҳ дар ин муддат тавонист, ки баҳри таъмини рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва саноати кишвар мутахассисони соҳибкасбу дар бозори меҳнат рақобатпазирро омода намояд. Имрӯз онҳо на танҳо дар дохил, балки дар хориҷ низ фаъолияти пурсамар дошта, фахри донишгоҳанд”,-иброз дошт ректор.
Тибқи иттилои ректор, айни замон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ 3 Шӯрои диссертатсионӣ фаъолият доранд, ки 12 ихтисоси PhD ва 14 ихтисоси илмии анъанавиро фаро мегиранд. Соли сипиришуда дар шӯроҳои диссертатсионии донишгоҳ ва шӯроҳои диссертатсионии дигар муассисаҳои олии Тоҷикистон ва Россия 21 устод рисолаи илмиро ҳимоя карданд, ки аз онҳо 18 рисолаи номзадӣ ва 3 рисолаи докторӣ мебошанд.
Ёдрас мешавем, ки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дорои неруи пуриқтидори илмӣ-техникӣ мебошад. Донишгоҳ вобаста ба рушди соҳаҳои нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика, технологияи иттилоотӣ, шабакаи алоқа, сохтмон ва меъморӣ, радиотехника, металлургия, технологияи кимиёвӣ мутахассис омода менамояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ