ДТТ дар НБО-и “Роғун” соҳиби филиали кафедраҳо шуд
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо ширкатҳои ватанӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ барои кушодани филиали кафедраҳо дар истеҳсолот, гузаронидани таҷрибаомӯзӣ ва дарсҳои озмоишӣ-амалӣ чандин шартнома бастааст.
Аз ҷумла, дар иншооти муҳими стратегӣ – Неругоҳи барқи обии “Роғун”, ҶСК “Азот” Неругоҳи барқии “Варзоб” ва дар дигар корхонаву муассисаҳои давлатӣ ва истеҳсолӣ филиалҳои кафедраҳои донишгоҳ ифтитоҳ гардиданд.
Дар ин бора 30 – юми январи соли равон Қудрат Давлатзода, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Зикр гардид, ки донишгоҳ соли сипаришуда ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим, ташкили низоми идоракунии самараноки он, гузаштан ба низоми таълимии донишҷӯмеҳвар ва ба амалия нигаронидашуда корҳои назаррасро ба сомон расонид.
Айни замон донишгоҳ дорои нерӯи пуриқтидори кадрӣ ва илмӣ-техникии ҷавобгӯ ба талаботи муосир буда, вобаста ба рушди соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика, технологияи иттилоотӣ, шабакаҳои алоқа, сохтмон ва меъморӣ, радиотехника, металлургия, технологияи кимиёвӣ ва ғайра корҳои илмӣ-тадқиқотиро ба роҳ мондааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ