Ду ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик аз коронавирус сироят ёфтанд

Каримҷон Ёров, яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия, ки чанде пеш аз бемории роҳҳои нафас шикоят мекард, ба КОВИД-19 гирифтор шудааст.

Ёров рӯзи 19-уми апрел шикоят дошт, ки таби баланд дорад, ба сахтӣ нафас мегирад ва “пушту ҳарду паҳлуяш месӯзад.” Баъди даъвати табибон ба ӯ тавсия додаанд, ки дар хона бимонад ва мунтазири натиҷаҳои ташхис бошад. Ӯ афзуд: «Айни замон дарди тахтапуштам камтар шудааст, вале таъми ҳеч чизеро эҳсос намекунам».  Табибон мегӯянд, эҳсос накардани таъми ғизо яке аз аломатҳои КОВИД-19 аст.

Ба тахмини Каримҷон Ёров, мумкин аст, ки бемориро ҳангоми мулоқот ва ё кӯмак ба муҳоҷирони тоҷик аз кадоме гирифта бошад. Ӯ ба муҳоҷирон тавсия дод, худро эҳтиёт кунанд, зеро беморӣ шӯхӣ надорад ва “сахт азоб медиҳад.” Каримҷон Ёров гуфт: “Ман зукомро бе давову дору дар роҳ муолиҷа мекардам, аммо чунин бемориро ҳеҷ гоҳ аз сар нагузаронида будам.” Каримҷон Ёров, яке аз ҳомиёни муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия  аст ва пайваста ба онҳо барои дифоъ аз ҳуқуқашон кумак кардааст.

Иззат Амон

Иззат Амон яке аз ҳомиёни дигари ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик чанде пеш дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки ӯ низ гирифтори бемории сахти роҳҳои нафас шудааст ва табибон ба додаш намерасанд. Маълум нест, ки ӯ ба кадом беморӣ гирифтор аст. Эҳтимол дорад, ки Иззат Амон ҳам мубталои коронавирус аст. Зеро чанд вақти охир дар миёни бештари  издиҳом буда, ба муҳоҷирони кумаки ғизоӣ мерасонд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *